Толибон як нафарро куштанду Ҳоҷӣ Боборо бо худ бурданд

 «Толибон» як паноҳҷӯро, ки мехост ба ҳудуди Тоҷикистон гузарад, ба қатл расонда, як нафари дигарро бо номи Ҳоҷӣ Бобо бо худ бурдаанд. Намояндаи «Толибон» ё мақомоти дигари вилояти Бадахшони Афғонистон барои шарҳи ин хабар дастрас нашудаанд, хабар доданд манбаъҳои Радиои Озодӣ аз ноҳияи Ишкошими Афғонистон.

Бино бар гузоришҳо дар вулусволии Ишкошими Афғонистон, ки бо Ишкошими Тоҷикистон ҳаммарз аст, наздики 2000 паноҳҷӯ ҷамъ омада, онҳо аз охирҳои моҳи август ба ин сӯ талош доранд, дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ ёбанд. Вале мақомоти марзбонии Тоҷикистон дастур гирифтаанд, ки паноҳандагонро ба гузаштан аз марз иҷоза надиҳанд.

Рӯзи 2-юми октябр ҷангҷӯёни “Толибон” ба ин паноҳандагон, ки асосан занону кӯдакон ва калонсолон мебошанд, ҳушдор додааст, ба маконҳои худ дар вилоятҳои гуногуни Афғонистон баргарданд.

“Онҳо мардумро ҷамъ карда, бо таҳдиду зӯргӯӣ маҷбур мекунанд, ба мошинҳое савор шаванд, ки онҳоро ба Кобул мерасонанд. Ҳамчунин дар пайи ёфтани панҷшериҳо ҳастанд ва як мардро бо гумони низомӣ ва панҷшерӣ будан бо худ бурданд,” — гуфт манбаъ.

Вай ҳамчунин тасдиқ кард, ки баъзе аз толибҳо аз омадани як нерӯи бузургтар аз Кобул ба Ишкошим хабар додаанд. Ба андешаи ин манбаъ ҳадафи нерӯҳо баргардондани паноҳҷӯён аз марзи Тоҷикистон метавонад буд. “Зеро онҳо таъкид карданд, ки акнун бархӯрд бо муҳоҷирин ҷиддитар хоҳад шуд ва дар ин худи онҳо гунаҳкор хоҳанд буд, чун ба маконҳои зисти худ барнагаштанд,” — гуфт манба.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Следите за нами в социальных сетях
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Все комментарии

Станьте первым, кто оставит свой комментарий.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *