Тошиев, истеъфо!!! Талаби як созмони мухолиф дар Қирғизистон

Як созмони мухолиф дар Қирғизистон истеъфои раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар Қамчибек Тошиевро талаб кардааст.

Масъулони «Ҷунбиши муттаҳидаи демократӣ» рӯзи 27-уми сентябр гуфтанд, ки аз қарори бардоштани чаҳор посгоҳ дар минтақаҳои сарҳадии Қирғизистон бо Тоҷикистон норозиянд.

Раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 25-уми сентябр дар пайванд ба сарҳад санади нав имзо карданд. Ҷониби Тоҷикистон онро «қатъи муноқиша дар марз» номид.  

«Дар 30 соли истиқлол кишвари мо ҳеч гоҳ ба чунин вазъи душвор дучор наомада буд, ки ҳоло рӯ ба рӯ шудааст. Қарорҳои қабулшуда ва санадҳои имзокардаи Тошиев бо мавқеи президент дар Созмони Милал мухолифанд»,- омадааст дар эъломияи Ҷунбиш. Масъулони созмон дар баробари истеъфои Қамчибек Тошиев ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ӯро низ хостаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *