Тошканд – Душанбе парвоз барҳам гардид

Ширкати «Узбекистон ҳаво йӯлларӣ” нахустин парвозаш дар хатсайри Тошканд – Душанберо, ки мебоист баъди 25 сол рӯзи 4 апрел сурат мегирифд, ба далели «камбуди мусофирон” бекор кардааст.

Хабаргузории русии РИА Новости аз қавли намояндаи ширкати миллии ҳавопаймоии «Узбекистон ҳаво йӯлларӣ” хабар дод, ки ин ширкат парвози нахустинаш дар хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошкандро бекор кардааст. Ин парвоз мебоист рӯзи сешанбе, 4 апрел анҷом мешуд.

Намояндаи «Узбекистон ҳаво йӯлларӣ” гуфтааст, ки ин парвоз ба далели камбуди мусофирон лағв шуд: «Парвозе ки бояд рӯзи 4 апрел анҷом мешуд, лағв шудааст, чунки ҳавопаймо бо мусофир пур нашуд.”

«Узбекистон ҳаво йӯлларӣ” дар поёни моҳи феврал эълон кард, ки аз 4 апрел ба анҷоми парвозҳои мунтазам байни пойтахтҳои Узбекистону Тоҷикистон шурӯъ мекунад ва ҳар ҳафта дар ин хатсайр ду дафъа – рӯзҳои сешанбе ва шанбе – парвоз хоҳад кард.

Барои парвози Тошканд – Душанбе ҳатто фурӯши билетҳо оғоз ёфта, нархи парвоз барои як тараф аз 150 доллар ва барои ду тараф аз 300 доллар муқаррар шуда буд.

Ширкати миллии ҳавопаймоии Узбекистон ба хотири таъмини ин парвозҳо дар моҳи март дар шаҳри Душанбе намояндагиашро боз кард ва барои фурӯши билетҳояш бо ширкати «Антарес”, молики сомонаи билетфурӯшии fly.tj ва силсилаи нуқтаҳои билетфурӯшӣ дар Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ низ баст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *