“Тоттенхэм” дар майдони худ «Эвертон»-ро мағлуб кард

Футболбозони “Эвертон” ва “Тоттенхэм” дар бозии даври 29-уми чемпионати Англия ҳисобро мусовӣ карданд.

Вохӯрӣ дар Ливерпул бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Дар ҳайати меҳмонон Ҳарри Кейн (дақиқаи 67-ум) аз пеналтӣ ва аз мизбонон Майкл Кин (90) гол заданд.

Ҳарду даста бозиро бо даҳнафарӣ анҷом доданд. Дар дақиқаи 58-ум нимҳимоятгари “Эвертон” Абдулайе Дукуре аз майдон ронда шуд ва дар дақиқаи 88-ум нимҳимоятгари “Тоттенхэм” Лукас Моура корти сурх гирифт.

Ҳамин тавр, “Тоттенхэм” бо 50 имтиёз дар ҷои чорум қарор гирифт. “Эвертон” бошад, зинаи 15-умро соҳиб гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *