Турсунзодашинос аз Самарқанд
Адабиётшинос Абдусалом Самадов яке аз фарзонафарзандони Самарқанди бостонӣ буда, дар рушди адабиётшиносӣ ва матбуоти тоҷикӣ дар Ӯзбекистон нақши мондагор гузоштааст.
Олими адабиётшинос, устоди варзида, дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд, узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, номзади илмҳои филологӣ Абдусалом Самадов 7-уми июни соли 1955 дар деҳаи Боғимайдони Самарқанд дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи рақами 25-и ба номи Абдусалом Деҳотӣ ишқу ҳавас ба илму фан, хоса меҳру муҳаббат ба адабиёти бадеӣ ӯро ба шуъбаи тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд овард. Дар ин махзани маърифат аз устодони варзида Р. Муқимов, Б. Валихӯҷаев, Ш. Шукуров, Р. Эгамбердиев, Т. Абдуҷабборов ва монанди инҳо таълим гирифта, пас аз хатми донишгоҳ (1977) бо дипломи имтиёзнок роҳ сӯи Тошканд пеш гирифт ва дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” (“Овози тоҷик”) ба ҳайси тарҷумон, ходими адабӣ, мухбири махсус ба фаъолияти эҷодиву рӯзноманигорӣ машғул гардида, дар муддати кӯтоҳ бо мақолаву очеркҳои доир ба адабиёти бадеӣ ва санъати нафиса таълиф ва чоп намудааш ҳамчун рӯзноманигори пурмаҳсул шинохта шуд. Меҳру муҳаббати бепоён ба илми адабиётшиносӣ ӯро ба донишгоҳ овард ва соли 1978 ба аспирантураи он дохил гардида, таҳти роҳбарии адабиётшиноси номӣ Раҳим Муқимов ба омӯзиши эҷодиёти Мирзо Турсунзода машғул гардид ва соли 1985 дар мавзӯи “Пайванди диалектикии миллият ва интернатсионалӣ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода” рисолаи номзадии худро дифоъ намуд.
Абдусалом Самадов аз соли 1980 то соли 2021 ҳамчун устоди сахтгир ва дар айни замон меҳрубону ғамхор ба донишҷӯёни факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд аз фанни адабиёт таълим дода, ҳамзамон тадқиқотро дар масъалаҳои назарияи адабиёт, адабиёти муосири тоҷик ва ӯзбек, робита ва таъсири адабӣ идома додааст. Ӯ солҳои 1999-2007 ҳамчун мудири кафедраи адабиёти тоҷик ва солҳои 2007-2009 ба вазифаи декани факултети филологияи тоҷик кор кард ва шогирдони зиёди баландихтисос тайёр намуд. Ӯ дар худ хислатҳои наҷиби устодони гузаштаро мунъакис карда, шахсияташ саршори меҳр, одамият, хоксорӣ ва фазилатҳои наҷиби инсонӣ буд.
Адабиётшинос ва устоди варзида Абдусалом Самадов муҳаққиқи пухтакор ва пурмаҳсул буда, муаллифи зиёда аз 10 монография ва рисолаҳои илмӣ, 12 китоби дарсию васоити таълимӣ барои мактабҳои олию миёна ва беш аз 400 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ мебошад. Аз ҷумлаи муҳимтарин монография ва китобҳои ӯ “Ӯзбек-тожик адабиёти: ӯзаро алоқалар, ӯзаро таъсир” (Тошканд, 1990), “Муқаддимаи адабиётшиносӣ” (Самарқанд, 2000), “Муҳаққиқи робитаҳои адабӣ” (Самарқанд, 2003), “Проблема единства национального и общечеловеческого в творчестве Мирзо Турсун-заде” (Самарқанд, 2005), “Адабиёт” (барои синфи VI, Тошканд, 2005, 2009, 2013), “Адабиёт” (барои синфи Х, Тошканд, 2005), “Пайвандҳои дӯстӣ ва адабӣ” (Тошканд, 2012), “Армуғони Ҷавдат” (Тошканд, 2012), “Методологияи адабиётшиносӣ” (Самарқанд, 2015), “Истиқлол ва маърифати адабиёт” (Тошканд, 2015) мебошад.
Дар тадқиқотҳои илмии Абдусалом Самадов робитаҳои адабии тоҷикону ӯзбекон, масъалаҳои таъсири эҷодӣ ва таъсири мутақобил, анъанаҳои адабӣ ва бардавомии он, адабиёти классикии форсиву тоҷикӣ, масъалаҳои назарияи адабиёт, нақди адабӣ ва ғайра мавқеи асосӣ дорад.
Фаъолияти марди соҳибназару соҳибмаърифат танҳо ба он чӣ гуфтем, маҳдуд намешавад. Муаллим дар ҷодаи таълими адабиёти тоҷик дар мактабҳои миёнаи умумии Ўзбекистон корҳои зиёдеро анҷом додааст. Махсусан, саҳми устод дар таҳияи консепсияи нави таълим, таҳия ва омодасозии барномаҳои миллии таълимӣ, навиштани китобҳои дарсӣ, таъсиси корҳои илмӣ-услубӣ назаррас аст.
Инсони хеле самимӣ, мутахассиси варзида, омўзгори пурмаҳсул, журналисти моҳир, олими барҷаста, эҷодкори зуллисонайн Абдусалом Самадов ба олами абадӣ сафар карда бошанд ҳам, ҳамеша дар дилу дидаи ёру дӯстон ва шогирдон зиндаву ҷовид мемонанд.
Акмал ШЕРНАЗАРОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Ш. Рашидов
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ