ТУТ: Вазорати тандурустӣ рост мегӯяд
Александр Семёнов, муовини директори Пажӯҳишгоҳи эпидимологӣ ва микробиологии ба номи Пастери Руссия ба “Sputnik” иттилоъ додааст, ки ҳамаи омори пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид гирифторон ва фавтидагони пандемияи КОВИД-19 рост мебошад.
Ин сухани ӯро ҳайати “Ростпотребнадзор” низ тасдиқ карда, гуфтаанд, ки шумораи фавт аз пневмония ё худ илтиҳоби шуш ҳам дуруст зикр шудааст.
Ёдрас мешавем, ки то санаи 6-уми сентябр дар кишвар 7581 нафар аз ин маризӣ шифо ёфта, 70 нафари дигар ҷони худро бохтаанд.
Аммо бино ба сарчашмаҳои ғайрирасмӣ, ки мардум ба он бештар боварӣ доранд, шумораи фавтидагон аз КОВИД-19 даҳчанд афзун аст.
Амони Муҳаммад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ