Убайдулло Абдулло, падари роҳбари “Алиф Бонк” мавлуд дорад

Имрӯз, 20 –уми декабр падари Абдулло Қурбонов,  роҳбари “Алиф Бонк” ба синни 60 – солагӣ расид. Убайдулло Абдулло Қурбон (Қурбонов Убайдулло Абдуллоевич)  ҳоло ректори Донишгоҳи давлатии тиббии  Хатлон  мебошад.

Номбурда  олими шинохтаи  тиб ва ҷарроҳи бомаҳорат эътироф шудааст.  Ӯ  доктори илмҳои тиб, профессор  буда,  узви вобастаи АИТТ мебошад.

Убайдулло Қурбон  соли 1984  факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Нобурда ординатори клиникии кафедраи ҷарроҳии госпиталии ДДТТ (1984 — 1986), ҷарроҳ (1987 — 1997) ва мудири шӯъбаи ҷарроҳии тармимӣ ва пластикӣ (1997—2003), муовини директори Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси сина (2003 — 2005), ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (аз августи 2005 то 2016) буд.

Аз соли 2016 инҷониб ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мебошад.

Дар марказҳои бузурги тиббии Россия (Москва, Санкт-Петербург), Олмон (Франкфурти лаби Майн, Гиссен) ва Австрия (Залсбург) такмили ихтисос кардааст.

Убайдулло Қурбон дар тӯли фаъолияташ беш аз 5600 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронидааст, ки аксари онҳо ҷарроҳиҳои нодир ва мураккаб мебошанд. Ӯ муаллифи беш аз 300 асару мақолаҳои илмӣ, 56 пешниҳоди навоварӣ ва 8 ихтироъ мебошад.

Убайдулло Қурбон яке аз пешоҳангони микроҷарроҳии барқарорсозанда дар Тоҷикистон аст. Тадқиқоти Убайдулло Қурбон ба реплантатсияи ангуштон, панҷа ва бандҳои калони андомҳои поёну боло, истифодаи техникаи микроҷарроҳӣ дар амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ марбут аст.

Як силсила пажӯҳишҳои Убайдулло Қурбонов ба истифодаи микроҷарроҳии барқарорсозанда дар мавриди табобати чурраи шикам ва дермотензияи экспандерии қисми мӯйдори сар ҳангоми алопетсия бахшида шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *