Ҳукумат аз таркиш огоҳ буд
Президенти Афғонистон дар вокуниш ба ҳамлаи интиҳории рӯзи шанбе дар Кобул, як рӯз мотами умумӣ эълон кард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамлаи хунин дар Кобулро, ки беш аз 80 кушта ба ҷой гузошт, маҳкум намуд.
24 июл дар Афғонистон рӯзи мотам эълон шудааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш, 23 июл дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии сулҳомези “Ҷунбиши рӯшноӣ”-и ақалиятҳои ҳазора дар минтақаи Деҳмазанги Кобул дар натиҷаи се таркиши маргталабона бештар аз 80 нафар кушта, 231 нафари дигар захм бардоштанд. Ашраф Ғанӣ гуфтааст, ки дар баробари онҳое, ки азизони худро дар ин таркишҳо аз даст додаанд, доғ дорад ва шарики дарду ғами ҳар хонавода мебошад. Вай афзуд, ҳар касе, ки дар ин таркишҳо даст дошта бошад, хоҳ аз ҳукумату давлат ва хоҳ берун аз он, муҷозот хоҳанд шуд.Ашраф Ғанӣ ин суханонро аз тариқи телевизион дар як барномаи мустақим изҳор дошт: “Дастури эҷоди комиссияи босалоҳиятро иборат аз шахсиятҳои давлативу ғайридавлатӣ ба раҳбарии Додситонии кулли кишвар содир кардаам, то дар хусуси воқеа таҳқиқоти ҳамаҷониба анҷом диҳанд.”Ин ҳамлаи маргталабона баъд аз вуруди неруҳои Амрико ба Афғонистон, яъне баъд аз соли 2001 то ҳол хунинтарин ҳамла дар Кобул будааст. Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”, ки бо номи ДИИШ маъруф аст, масъулияти ин ду таркишро бар душ гирифт.Сухангӯи президенти Афғонистон гуфт, ки ҳукумат қабл аз оғози тазоҳуроти эътирозии “Ҷунбиши Рӯшноӣ” хабар ёфта буд, ки чунин ҳамла сурат мегирад, бинобар ин ба созмондиҳандагони тазоҳуроти эътирозӣ ҳушдор дода буд, ки аз баргузории он худдорӣ кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ