Қурби асъор: Доллар ба марраи ҳазора наздик шудаистодааст
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 7 июн қурби расмии асъори хориҷиро бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 9.0495 сомонӣ, 1 евро = 10.6549 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1459 сомонӣ.
Имрӯз, 7 июн қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 9.0600 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро аз 10.5800 то 10.8000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1460 то 0.1475 сомонӣ муқаррар шудааст.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ