Қурбонӣ ба кӣ воҷиб аст?
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон!
Қурбонӣ яке аз ибодатҳои муҳими парвардигор буда, решаи он ҳанӯз аз замони Ҳазрати Одам сарчашма мегирад. Қурбонӣ кардан дар роҳи худованд дар замони ҳамаи пайғамбарон воҷиб буд. Дар рӯзгори Одам (а) ва Иброҳим (а) қурбонӣ шартҳои хоси худро дошт. Онҳо қурбонӣ мекарданд, вале наметавонистанд аз гӯшти он бихӯранд, балки мунтазир мемонданд, то оташе аз осмон фурӯд меомад ва онро месӯхт. Худованди Мутаъол аз қурбонӣ намудани фарзандони Одам (а) хабар чунин хабар медиҳад:
«Достони фарзандони Одамро, ки ҳақ аст, барояшон бихон, ки чун (Қобил ва Ҳобил) қурбонӣ карданд, қурбонии яке аз онҳо (Ҳобил) пазируфта шуд ва аз дигаре (Қобил) пазируфта нашуд».
Аз Зайд ибни Арқам (р) ривоят шудааст, ки асҳоби Расулуллоҳ (с) аз он Ҳазрат (с) пурсиданд: «Ё Расулаллоҳ (с), ин Қурбониҳо чист?» Фармуданд: «Суннати падари шумо Иброҳим (а) аст». Гуфтанд: Пас, чӣ суде барои мо дорад? Фармуданд: «Дар баробари ҳар тори пашм ва мӯи он як ҳасана барои шумо дода мешавад».
Инчунин аз ҳазрати Оиша (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Рӯзи ид фарзанди Одам ҳеҷ амале маҳбубтар аз рехтани хуни қурбонӣ дар назди Худованд анҷом надодааст. Ҳайвони қурбонӣ рӯзи қиёмат бо шоху пашм ва мӯю суми худ дар паллаи ҳасаноти соҳиби худ қарор мегирад ва хуни қурбонӣ қабл аз ин ки бар замин бирезад, мақбули Худованд мегардад. Пас аз самими қалб ҳайвони хуберо қурбонӣ кунед».
Шартҳои қурбонӣ
Қурбонӣ бар шахсони мусулмон ва озоду муқиме, ки дар айёми ид ғанӣ ва сарватманд бошанд, назди Имоми Аъзам (р) воҷиби амалӣ аст, на эътиқодӣ, аммо назди Имом Шофеъӣ ва Имом Абӯюсуф суннати муаккада аст.
Касоне, ки ғайр аз ниёзҳои зарурии худ мисли манзили маскунӣ, рахт ва ҷиҳози хона, васоили саворӣ боз соҳибнисоб ҳам бошанд, Қурбонӣ барояшон воҷиб мегардад, фарқ надорад, ки ашхоси сарватманд шаҳрӣ бошанд ё рустоӣ. Дар тамоми шартҳои боло зану мард баробаранд.
Қурбонӣ ба киҳо воҷиб аст?
Шахси қарздор, агар пас аз пардохти қарз барояш он миқдор маблағе монад, ки соҳибнисоб гардад, қурбонӣ бар ӯ воҷиб мегардад.
Барои пардохти закот баъд аз соҳибнисоб шудан гузаштани як соли ҳиҷрии қамарӣ шарт бошад, барои қурбонӣ кардан гузаштани як сол шарт нест. Шахси фақир то охири рӯзи сеюми ид соҳиби маблағи муайян гардад, барояш қурбонӣ кардан воҷиб мегардад, агар қарздор набошад.
Шахсе, ки дар оғози айёми ид ғанӣ буд ва қурбонӣ накард, то ин ки дар охири айёми ид фақир шуд, бар ӯ қурбонӣ воҷиб намегардад.
Мусофири ғанӣ, агар пеш аз ғуруби рӯзи сеюми ид ба хонаи худ баргашт, ё фақир қабл аз ғуруби рӯзи сеюми ид соҳибнисоб шуд, дар ҳар ду сурат қурбонӣ воҷиб мегардад.
Шахсе, ки аз сабаби ғафлат дар ин рӯзҳо қурбонӣ накардааст, бояд қиммати моли қурбониро ба муҳтоҷону тангдастон садақа намояд.
Қурбонӣ бар он шахсоне воҷиб аст, ки соҳиби нисоби закот бошанд. Тибқи Қарори Шӯрои уламо нисоби закот ба 22950 сомонӣ баробар мебошад. Мавсими қурбонӣ дар рӯзҳои 10-ум, 11-ум ва 12-уми моҳи Зулҳиҷҷа аст. Агар дар ин рӯзҳо Қурбонӣ карда натавонист, дар шабҳои ин муддат қурбонӣ кардан ҷоиз аст, вале рӯзона забҳ кардан авлотар аст.
Дар рӯзи 12-уми Зулҳиҷҷа то замоне ки офтоб ғуруб накарда бошад, қурбонӣ ҷоиз аст. Пас аз ғуруб офтоб дигар ҷоиз намегардад.
Кадом ҳайвонро бояд қурбонӣ кард?
Чаҳор навъ ҳайвоноти ҳалолгӯшти аҳлӣ (хонагӣ) барои қурбонӣ ҷоиз аст: Гӯсфанд, буз, гов ва шутур. Нар ё мода будани мол фарқ надорад. Ҳайвони Қурбонӣ бояд солим, фарбеҳ ва бенуқсон бошад. Синни буз ва гӯсфанд на камтар аз як сол бошад. Барраи шашмоҳаро қурбонӣ кардан ҷоиз аст, ба шарте, ки бинанда аз яксола фарқаш накунад. Синни гови қурбонӣ бояд дусола бошад. Камтар аз ин ҷоиз нест. Синни шутури қурбонӣ набояд аз панҷ сол кам бошад.
Гов ё шутурро аз ду то ҳафт нафар бо ҳам шарик шуда, қурбонӣ кунанд, ҷоиз аст, аммо беҳтар он аст, ки пеш аз харидан нияти шарик шудан кунанд. Нияти касоне, ки бо ҳам шарик шуда қурбонӣ мекунанд, бояд ризои Худои таъоло бошад, агар яке аз шарикон ба хотири гӯшт хӯрдан шарик шавад ва нияташ қурбонӣ набошад ё яке аз шарикон мусулмон набошад ва дигарон дониста ӯро шарики худ интихоб намоянд, қурбонии ҳама ҷоиз намешавад.
Гӯшти қурбониеро, ки дар он чанд нафар якҷоя шариканд, бояд одилона ва бо тарозу тақсим намоянд. Тахминӣ тақсим кардан ҷоиз нест. Калла, поча, дил, ҷигар ва пӯсти он ҳайвонро низ бояд тақсим намоянд.
Қурбонӣ кардан амалест, ки Худовандро хушнуд месозад. Кӯмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Парвардигору Расули ӯст.
Дар охир мардуми шарифи кишварро бо фарорасии иди саиди Қурбон табрик гуфта, барояшон осоишу амнияти бардавом, саодати дорайн ва хонаободӣ таманно дорам.
Ҷамолиддин Хомӯшӣ,
сармутахассиси Раёсати фатво
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ