Усмонзода Аюб Ислом. Ректори нави Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кист?
Имрӯз бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон Усмонзода Аюб Ислом ба вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибуллоро, ки чанде пеш ба вазифаи муовини вазири маориф ва илми ҶТ таъйин шуда буд, иваз кард.
Аюб Усмонзода 3-юми марти соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1995 Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С. М. Киров, факултети таърихро хатм кардааст. Ихтисос — муаллими таърих ва ҷомеашиносӣ, методист оид ба корҳои тарбиявӣ.
Фаъолияти меҳнатӣ: Солҳои 1989-1991 Сарпионервожати мактаби миёнаи №15-и Хуҷанд, солҳои 1991-1993 ҷонишини директор оид ба қисми хоҷагӣ ва муаллими таърихи мактаби миёнаи №9, солҳои 1993-1994 муаллими таърихи мактаби миёнаи №15, солҳои 1994-1996 танзимгари факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, солҳои 1996-1996 котиби шуъбаи таълим, солҳои 1996-1998 муаллим-муҳаққиқи кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, солҳои 1998-1999 муаллими кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, солҳои 1998, 2019 номзади илмҳои таърих, доктори илмҳои таърих, солҳои 1999-2000 сармуаллими кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, соли 2000-ум дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2003-2003 мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2003-2010 ҷонишини раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, солҳои 2010-2019 раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз 28.08.2019 то 11.04.2022 муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз 11.04.2022 ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ