УСТОД АЙНӢ – АСОСГУЗОРИ ИЛМИ ТОҶИКШИНОСӢ
(Ба муносибати солгарди зодрӯзи устод Айнӣ ва Рӯзи илми тоҷик)
Яке аз масъалаҳои баҳсноки имрӯзаи таърихи тоҷикон масъалаи маъно ва пайдоиши номи тоҷик мебошад. Олимони зиёде дар ин масъала андешаҳо баён намудаанд, вале на ҳама аз он қонеъ ҳастанд.
Номи донишмандони тоҷик С. Айнӣ, Б. Ғафуров, Т. Зеҳнӣ, М. Умарзода, А. Абдуллоев, Б. Сиёев, А. Девонқулов, Ю. Яъқубов, Ҳ. Назаров, Н. Неъматов, Ғ. Ашӯров, Р. Мусулмониён, И. Усмонов, Ғ. Ғоибов, С. Назарзода, М. Ҳотам, М. Шукурзода, Қ. Сатторӣ, Н. Амиршоҳӣ, муҳаққиқони эронӣ А. Деҳхудо, М. Муин, М. Баҳор, С. Нафисӣ, Д. Сиёқӣ, А. Сиистонӣ, А. Саҷҷодия, М. Таботабоӣ, И. Оштиёнӣ, С. Эзидӣ, М. Мираҳмадӣ, М. Сайидӣ, муҳаққиқони афғон М. Ғубор, А. Ҳабибӣ, Ҷ. Сиддиқӣ, А. Ҷовид, Ҳумом, А. Навбаҳор, М. Меҳанпараст, олимони русу ғарб В. Бартолд, Н. В. Хаников, М. С. Андреев, А. А. Семёнов, А. Ю. Якубовский, А. Н. Бернштам, Е. Э. Бертелс, А. Шишов, И. И. Умняков, В. А. Лившитс, И. Оранский, С. П. Климчитский, И. С. Брагинский, Б. А. Литвинский, А. М. Манделштам, В. М. Массон, В. А. Ромодин, И. В. Масалский, А. З. Резенфелд, Д. Лягард, А. К. Боробков, К. Риттер, А. Бобринский, И. Берёзин ва дигаронро метавон номбар намуд, ки ба мавзӯи зикршуда аз ягон ҷиҳат таваҷҷуҳ намудаанд.
Дар хусуси он ки мафҳуми «тоҷик» кай ва чӣ хел пайдо шудааст, миёни муҳаққиқон ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад. Ҳатто имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ, хусусан, шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба масъалаи мазкур идома доштани баҳсу мунозираҳо ба назар мерасад. Ба ақидаи муҳаққиқон таърихи пайдоиши ин номро бояд аз оғози пайдоиши ориёиҳо шурӯъ намуд. Зеро мувофиқ ба давру замон номҳо тағйир меёбанд, аммо маънои худро дар вожаҳои гуногун нигоҳ доштаанд.
МИЛЛАТ ВА ХАЛҚИ ТОҶИК
Ба майдон омадани мақолаи машҳури аллома Садриддин Айнӣ «Маънии калимаи «тоҷик» дар луғатҳо ва ҷои кор фармуда шудани он дар таълифоти муаллифони Шарқ ва баромадгоҳи ин калима» (ҳарчанд дар дастнависи мақола номи пуррааш «Маънии калимаи «тоҷик» дар луғатҳо ва ҷои кор фармуда шудани он дар таълифоти муаллифони Шарқ ва баромадгоҳи ин калима» бошад ҳам, аммо дар китобҳои алоҳида номи ихтисоршудаи он — «Маънии калимаи «тоҷик» ё «Манои калимаи «тоҷик» нишон дода шудааст – Э. С.) аҳамияти ниҳоят бузурги таърихӣ ва сиёсӣ дорад.
Устод Айнӣ дар ин асари худ ба ҳеҷ ваҷҳ аз паи дар бар гирифтани ҳамаи манбаъҳои хаттие, ки дар онҳо калимаи «тоҷик» (тозик, тожик) баррасӣ шудааст, нарафтааст ва агар мерафт ҳам, ин кор дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳатто номумкин буд. Дар ин ҷо бояд илова шавад, ки қисме аз манбаъҳои хаттии гузашта, ки дар онҳо дар бораи калимаи тоҷик-тозик-тожик сухан рафтааст, дар навиштаҳои ховаршиносон низ зикр шудаанд ва ба ин восита дар адабиёти илмӣ дар ин бобат фикрҳои мухталифе аз тарафи Н. Хаников, В. В. Бартолд, М. С. Андреев, А. А. Семёнов, А. Ю. Якубовский, Б. Ғ. Ғафуров, А. Н. Бернштам, Е. Э. Бертелс, А. К. Боровков, И. И. Умняков, Н. А. Кисляков, И. Оранский ва чанди дигар баён гардидааст.
Аллома Садриддин Айнӣ ҳангоми таълифи мақола аз асарҳои мухталиф, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, ба тартиб мисолҳо меорад. Аз «Куллиёт»-и Ҷомӣ як мисол, аз як асари дастнависи Хоҷа Абдулқодири Холиқи Ғиждувонӣ бо номи «Маноқиби Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ», ки дар Ҳиндустон китобат карда шудааст, ду мисол, аз маҷмӯаи матнҳое, ки Бартолд ҷамъ карда, соли 1898 дар Петербург чоп кардааст, як мисол, аз асари «Ҷомеъ-ут-таворих»-и Хоҷа Рашидаддини табиб се мисол ва аз «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд бисту як мисолро чун намуна барои исботи фикраш овардааст.
Баъд аз овардани мисолҳо ва таҳлили онҳо устод Айнӣ ба хулосае омада, барои хонанда андешаву пешниҳодоти худро ба таври алоҳида нишон медиҳад.
«1. Чунон ки дар мисоли аз асари Хоҷа Абдулқодири Холиқи Ғиждувонӣ гирифташуда дидем, калимаи «тоҷик» бо ҳамин шакл аз асри XII боз дар адабиёт навишта будааст… ва дар ҳамин асри XII будани ин калима ҳаминро нишон медиҳад, ки дар асри мазкур ва пештар аз он ин калима дар байни халқ забонзад ва дар байни муаллифон ва нависандагон яке аз истилоҳҳои истифодамешуда будааст…
2. Калимаи «тоҷик» ба сифати номи як халқи форсизабон сараввал ба мардуми форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон кор фармуда шуда, баъд аз он дар мавриди ҳамаи форсизабонони рӯи дунё ба кор бурда шудааст.
3. Халқи форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон, ки аз замонҳои хеле қадим боз номи «тоҷик» ба инҳо дода шудааст, албатта, баробари ин ном пайдо нашудаанд, ё ин ки аз ягон ҷой наёмадаанд, балки инҳо аҳолии як сарзаминанд, ки баъд аз исломият ба инҳо номи «тоҷик» ва ба забонашон «забони форсӣ» ё ин ки «забони тоҷикӣ» дода шудааст… …баъд аз он ҳамаи халқҳои форсизабонро бо ин ном ном бурдан мумкин шуморида шудааст (мисолҳои боло инро равшан исбот карданд) …» (С.Айнӣ. Маънии калимаи «тоҷик» // Тоҷикон дар қаламрави Ориёно / мураттиб М. Шукурзода. – Душанбе: Деваштич, 2009. – Саҳ. 53-54).
Бо ин хулосаи худ, устод Айнӣ тавонист, бори дигар исбот намояд, ки фарзандони тоҷикро аз қадим, ки худро «тоҷик» номидаву бо ҳамин ном ба дигар мардумон муаррифӣ шудаанд, мешиносанд.
Ҳамчунин, устод Айнӣ дар ҷойи дигар қайд менамояд, ки «дар аввал мақому шаклҳои гуногуни калимаи «тоҷик»-ро нишон дода гуфта будем, ки шакли аслии ин калима «тоҷик» буда, муғулҳо ва туркҳои қадимӣ ин калимаро гуфта натавониста, бо табдил кардани ҳарфи «ҷ» бо «з» «тозик» гуфтанд ва ин қавли худро бо мисолҳои гуногун, ки аз таълифоти асарҳои гуногун гирифта шудаанд, исбот ва таъкид ҳам шуд ва инчунин, маънии калимаи «тоҷик» ба сифати як халқи форсизабон будан низ дар боло бо далелҳо ва мисолҳои аз муаллифони гуногун гирифташуда исбот карда шуд.
Аммо чӣ будани маънии аслии калимаи «тоҷик» ва қатъи назар аз номи як халқи форсизабон будан, чӣ маънӣ доштани он ва баромадгоҳи он ва инчунин, ба чӣ сабаб ба як халқи форсизабон ном шудани ин калима то ҳол равшан карда нашудааст.
Калимаи «тоҷик» аз тарафи ягон муаллифи мӯътабар бо роҳи забоншиносӣ (лингвистӣ) то ҳол таҳлил карда нашудааст ва агар ягон таҳлили маъқуле шуда бошад ҳам, то ҳол ба воситаи адабиёти навишта ба мо нарасидааст…» (С.Айнӣ. Асари номбурда. – Саҳ. 54).
Ба гуфтаҳои устод Айнӣ, калимаи «тоҷик» аз се ҷузъ иборат аст: «тоҷ-и-к». Якум тоҷ аст, ки зиннати сари подшоҳон ва нишонаи подшоҳии онон буда, номи дигари вай дар форсӣ «афсар» ва дар арабӣ «иклил» аст; дуввум ҳарфи «ӣ»-и нисбат аст, масалан, мо «бухороӣ, самарқандӣ, хуҷандӣ» гӯем ҳамин «ӣ» ҳамроҳ мешавад ва чизҳо, ё шахсҳои ба ин шаҳрҳо мансубро мефаҳмонад; ҷузъи савум ҳарфи «к»-и исмӣ аст.
Аз мутолиаи мақолаи зикршудаи устод Айнӣ бармеояд, ки дар ҳамон солҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо мақсади баланд бардоштани рӯҳи миллии тоҷикон, ҳисси ватандӯстии ҳамқавмон, ҷалби онҳо ба мубориза алайҳи душманон, муттаҳидии тоҷикони тамоми ҷаҳон устод Айнӣ бо ин мақолаи муҳими худ саҳми сазовор гузоштааст. Ба қавли худи Устод Айнӣ, “қалам шамшери ӯ” гашта буд.
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТИ МИЛЛАТ
Ташреҳи мафҳуми «тоҷик» махсусан дар асари гаронмояи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «Забони миллат — ҳастии миллат» ба таври муфассал бо такя бо асноду мадорик ва сарчашмаҳои навине, ки дар таҳқиқоти пешини пажӯҳишгарон аз онҳо истифода нашудааст, мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор гирифтааст. Дуруст аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни рӯшанӣ андохтан марҳилаҳои омӯзишу ковишҳои илмӣ перомуни баррасии моҳияти аслии вожаи «тоҷик» ва ба ин васила забони тоҷикӣ аз осори қаблан нашргардидаи (мақолаю эссе ва рисолаҳои алоҳида – Э. С.) олимону муаррихон корбурд анҷом додааст. Вале таҳқиқи доманадор ва тозаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавсуфро ба як силсила андешаю натиҷагириҳои ҷадиди илмӣ мувоҷеҳ сохтааст, ки он дар хулосабарориҳо дар забоншиносии тоҷик гоми ҷиддӣ ба шумор меравад. Маълум аст, ки дар таҳқиқи вожаи «тоҷик» ховаршиносони аврупоӣ нақши босазо доранд. Агар дар рисолаи илмии худ устод Айнӣ асосан дар такя бо осори таърихӣ ва луғатномаҳои форсӣ — тоҷикӣ талоши ба моҳияти калимаи «тоҷик» посух гуфтанро анҷом дода бошад, пас дар китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мавзӯъ ба таври нав аз дидгоҳи илмӣ баҳогузорӣ шудааст. Бо таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омӯзиши истилоҳи «тоҷик» ба маънои номи халқу миллат ҳанӯз дар нимаи дуюми асри XVIII, дар илми ховаршиносии Аврупо пайдо шудааст. «Бори нахуст, — менависад муаллиф, — дар илми аврупоӣ масъалаи пажӯҳиши вожаи «тоҷик» дар як мақолаи М. Клапрот бо номи «Дар бораи бухориён» баррасӣ шудааст. Ин мақола соли 1823 дар ҷилди дуввуми маҷаллаи «Журнал азиатик» чоп шудааст. Аввалин иттилоъ дар матбуоти Русия оид ба тоҷикон аз ин ҳам пештар пайдо шудааст. Дар маҷаллаи русии «Вестник Европы» (Паёми Аврупо) моҳи апрели соли 1815 мақолаи начандон калоне бо номи «Дар бораи халқҳои сокини Персия» чоп шудааст, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад; «Мардуми бумии ин давлат бо исми номниҳодаи форсҳо номи тоҷикро доранд. Онҳо моҳиятан омехтаи халқиятҳои гуногун, арабҳо, габрҳо (зардуштиён), яҳудиҳо буда, ихтиёрӣ ё ғайриихтиёрӣ ва маҷбурӣ дини муҳаммадиро пазируфтаанд» (Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат – ҳастии миллат. – Душанбе: Эр-граф, 2016 – Саҳ. 82).
Ҳамин тавр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақлеро аз суҳбати М. Клапрот дар шаҳри Қазон бо бухороиҳо (соли 1806) меорад, ки дар зимни ин вохӯрӣ мардуми бухороӣ забони модарии худро тоҷикӣ ва худро тоҷик меноманд. Иқтибоси дигаре, ки муаллиф аз олими фаронсавӣ Ж.Сан- Мартен дар хусуси пайдоиши вожаи «тоҷик» ба таҳлил мекашад, нисбатан нав буда, дар осори илмии дигар муҳаққиқон (чи тоҷику чи рус) аз он ёдоварӣ нашудааст. Ж.Сан-Мартен дар рисолаи чопнашудаи худ дар бораи таърихи сулолаҳои Ашкониёни Порт андешаҳояшро иброз намуда, хулосаҳои худро оид ба истилоҳи тоҷик пешниҳод мекунад. Ба ақидаи ӯ, «номи тоҷик, ки аз тарафи туркҳо ва тоторҳо ба мардуми форсизабони Форс, Афғонистон, Тахористон, Варорӯд дода шудааст, ҳамон номи қаблии бостонии доиҳо мебошад. Дар ин замина, портҳо ва ашкониён ба ҳамон гурӯҳи сакоӣ (скифҳо) тааллуқ доранд, ки номи «даи», «тоҷик» ва «доджик» ба халқияти онҳо мансуб будааст. Ин ном аз тарафи сосониҳо ва форсҳо, ки аз зери юғи портҳо озод шуда буданд, рад гардида, баъдан маънои «варвар»-барбарӣ ё халқи номутамаддинро ба сари ин ном бор кардаанд» (Эмомалӣ Раҳмон. Асари номбурда. – Саҳ. 82).
Муаллиф андешаҳои муаррихони дигарро, аз қабили А. Хромов, афсари рус Ё.К. Мейендорф, Ф.Д. Люкевич, Н.В. Хоников, А. А Семёнов, А. Вамбери, Л. Будагов, Де Лагард, С. Айнӣ дар боби миллати тоҷик ва моҳияти калимаи ҳамном баррасӣ намуда, зикр мекунад, ки номбурдаҳо як ақидаи муштарак доранд, ки он ҳам ба халқияту миллатҳои арабу турк ҳеҷ гуна робита надоштани калимаи мазкур, яъне «тоҷик» маҳсуб меёбад. Дар навиштаҳои ин муҳаққиқон фикре ба таври хулоса пешниҳод мегардад, ки истилоҳи «тоҷик» ва «тозӣ» ба маънии «тоҷ» омада, онҳо халқҳо ё мардумони бумии Форс мебошанд. Албатта, дар байн афкоре низ садо медиҳад, ки аз қавли Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чандон дуруст ва саҳеҳ ба назар намерасанд. Ба сифати далел, муаллиф андешаҳои донишманди рус М. А. Терентйевро дар хусуси он ки вожаи «тоҷик» на ба маънои «тоҷдор», балки ба маънои «тоҷак», «тоҷи хурд» корбаст мешавад, рад намуда, барои исботи аниқтари истилоҳ ё маҳфуми «тоҷик» навиштаи устод Айнӣ «Маънии калимаи «тоҷик»-ро мавриди назар қарор медиҳанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афкори устод С. Айниро ба таври фишурда бозгӯӣ намуда, ҳадафу натиҷагирии устодро аз маънии вожаи «тоҷик» чунонки дар фавқ таҳлил кардем, хотиррасон месозад ва то чӣ андоза ба ҳақиқат наздик будани хулосаи С. Айниро ба забоншиносон вогузор менамояд. Ӯ мегӯяд: «Устод С. Айнӣ дар мақолаи худ кӯшиш кардааст, ки вожаи «тоҷик»-ро аз лиҳози забонӣ тафсир кунад. Албатта, ин тафсири устод дар бораи аз се бахши «тоҷ-и-к» иборат будани ин калима баҳсангез аст ва дуруст будан ё набудани онро ба муҳаққиқони забоншинос ҳавола карда, ақидаи устодро айнан меорем…» (Эмомалӣ Раҳмон. Асари номбурда. – Саҳ 86). Аммо тавре ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас мешавад, дар байни олимон, забоншиносону муаррихон афкори зидду нақиз ва гуногун густариш ёфтааст, ки бештарини онҳо бар пояи тахмину фарзияҳо асос ёфта, аз ҳақиқати таърихӣ фосилаҳо дуранд ва ҷойи аҷобат надоранд, ки бо доир намудани баҳсҳои илмӣ (ҳамоишу мизҳои мудаввар ва семинару конфронсҳои илмӣ) мунтаҳо муҳаққиқон ба жарфи масъала ва асли моҳияти он бирасанд. Ба ин восита, муаллиф андешаю мулоҳизаҳои таҳиягарони «Доиратулмаорифи исломӣ», «Таърихи Байҳақӣ», хулосаҳои илмии донишманди муътабар Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ, муҳаққиқи афғонистонӣ Ҷалолиддини Сиддиқӣ ва Абдулаҳмади Ҷовидро, ки бо натиҷагириҳои устод Айнӣ ҳамоҳанг мебошанд, зикр намуда, ақидаи вижаи хешро пешниҳод мекунад:
«Мо низ мулоҳизоти худро дар бораи робитаи вожаи «тоҷ» ба калимаи «тоҷик» дар асари «Тоҷикон дар оинаи таърих, Китоби дуюм. Аз Ориён то Сомониён» ба таври фишурда баён карда будем.
Маъмулан, калимаи «тоҷик» ҳамрадиф ва ҳаммаънои «ориёӣ», яъне наҷибзодагон будааст. Ба забони имрӯзаи тоҷикӣ маънои калимаи «тоҷик» мардуми тоҷдор, олимартаба, озодманиш аст. Ва номи имрӯзаи «тоҷик» ба ҷои номи этникии эрониёни кунунӣ ба ивази ориёӣ омадааст» (Эмомалӣ Раҳмон. Асари номбурда. – Саҳ. 88). Вале ба маҳзи печидатар будани ҷамеи андешаю мулоҳизаи олимон дар мавриди берун овардани маъниҳои вожаҳои «тоз», «тоҷ», «тай», «тозӣ» ва «тоҷик», вожаи «тоҷик» ва тахориву таоҷӣ муродифҳои вожаи «тоҷик» ва амсоли ин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъаларо бо овардани далелҳои раднопазир дақиқтар тавзеҳ бахшида, афкори худро дар шакли ҷамъбастӣ иброз менамояд.
Қобили зикр аст, ки қисми зиёди муҳаққиқон ба тасдиқи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи истифодаи вожаи «тоҷик» дар давраҳои пеш аз ислом ба таври огоҳона пажӯҳиши доманадори илмӣ анҷом надодаанд. Муаллиф баъди зикри ин нукта аз қавли Х.Муъминҷонов чунин менависад: «Дар аксари асарҳои бозмондаи адабиёти санскрит дар минтақаҳои Ҳинд калимаи «тоҷик» ба маънои «форс» ё «эронӣ» қайд шудааст, ки яъне вожаи «тоҷик» бо форсизабон ҳаммаъно будааст. Вожаи «тоҷик» дар Ведҳо ба маънои «ориёиҳо» истифода шудааст, ки аз лиҳози таърихӣ ва ҳазорсолаи дуввуми қабл аз милод мерасад» (Эмомалӣ Раҳмон. Асари номбурда. – Саҳ. 89). Аз таҳлили афкори олимоне амсоли Х. Муъминҷонов ва К. Бекзода Пешвои миллат ба хулосае меояд, ки «Тоз ё Тоҷ ҳамчун яке аз гунаҳои вожаи «тоҷик» ҳазорҳо сол қабл аз нуфузи арабҳо дар Осиёи Миёна вуҷуд дошт ва ин вожа, баръакс, аз ин минтақа, яъне аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Пеш, Осиёи Хурд, Эрону Байнаннаҳрайн ва дигар маҳалҳо интиқол меёфт» (Эмомалӣ Раҳмон. Асари номбурда. – Саҳ. 90).
Дигар мавзӯе, ки муҳаққиқонро дар ин боб ба худ ҷалб намудааст, бо калимаҳои «тай» ва «тозӣ» иртибот доштани вожаи «тоҷик» ба шумор меравад. Чунонки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунад, як идда олимон ақидаи иштибоҳангезеро ҳамчун далели таърихӣ пазируфта, пайдоиши вожаи «тоҷик»-ро бо номи қабилаи «тай»-и арабӣ марбут медонанд (аз ҷумла В.В. Бартолд). Гурӯҳи дигар аз қабили А. Вамбери тахмин мекунанд, ки бухороиён ба баромади арабии худ гоҳ-гоҳ ишора мекунанд. Дар ин радиф, аз қавли Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ховаршиноси франсавӣ Катремар (1782-1852) аввалин бор ақидаеро пешниҳод намуд, ки мувофиқи он калимаи «тоҷик», «тазик» шакли сохташуда аз «тай»-и арабӣ дар шакли «разик»-розӣ, сокинони Рай мебошад. Ин ақида аз тарафи олимони олмонӣ Т. Нелдекс ва Г. Ҳюбшман дастгирӣ ёфт. Муаллиф дар ин хусус мегӯяд:
«Аз ҷумла, олими олмонӣ Г. Ҳюбшман мегӯяд, ки ин калима аз номи қабилаи арабии «тай» бо истифода аз пасванди «чик» ба монанди армании «сагчик», форсии «сагзи» аз «саг» ва форсии бостонии «сака» («сак»-намояндаи қабилаи сакоӣ) пайдо шудааст. Ин ақида дар асари муҳаққиқи маъруф А. А. Семёнов «Очеркҳои мардумшиносии кӯҳистони Зарафшон, Қаротегин ва Дарвоз» бештар тафсир шудааст. Мувофиқи тафсири маъмулии филологӣ вожаи «тоҷик» аз вожаи «тай» буда, номи яке аз қабилаҳои араб аст, ки дар даврони Сосониён дар ҳамсоягии форсҳо мезистанд. Форсҳо намояндагони ин қабилаҳоро «тотчик» меномиданд. Ин ақида аз тарафи Бартолд В. В. ба як консепсияи мукаммал табдил дода шуда буд, ки маъно ва моҳияти он чунин аст: Этноними «тоҷик» аз калимаи «тай», номи яке аз қабилаҳои Арабистони Шимолӣ бармеояд. Аз ин калимаи «тай» вожаи форсии миёна ва армании «таҷик» ба маънои арабӣ пайдо шудааст. Дар давраи исломӣ шакли баъдии «тазик» ва «тозӣ» пайдо шудааст ва аз шакли «тазик» шакли туркии «тажик» пайдо шудааст» (Эмомалӣ Раҳмон. Асари номбурда. – Саҳ. 92).
Ин тезиси барғалат ҷонибдорони зиёде пайдо карда, минбаъд дар байни муҳаққиқони алоҳида ба раванди ҷиддӣ ва ҳатто метавон гуфт бунёдӣ мубаддал гардид. Донишмандоне чун Хромов А.Л., Шпигел ва Ҳенинг В.Б. исбот карданӣ мешаванд, ки номи «тоҷик» бори аввал дар сарчашмаҳои давраи аввали истилои араб пайдо шудааст. Бо пайдоиш ва омӯзиши маводу маъхазҳои нав ақидаи зикршуда аз ҷониби олимон Андреев М. С., Кримский А., Миллер В., Боровков А. К. ва дигарон рад карда шудааст. Дар ин масъала, махсусан, афкори бебунёди забоншиноси маъруф Хромов А. Л., ки як навъ исботи гуфтаҳои муаллифони луғатҳои «Ғиёс-ул-луғот» ва «Бурҳони қотеъ» мебошад, аз тарафи Президент Эмомалӣ Раҳмон иштибоҳ ҳисобида шуда, ин пешниҳод бардошти носаҳеҳ ва яктарафаи олими рус ба шумор меравад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни ин ақидаи ғалат менависад:
«Хулоса, Хромов А. Л. ақидаи аз забонҳои эронии миёна пайдо шудани истилоҳи «тоҷик»-ро ба маънои «араб» дастгирӣ намуда, дар зимн пешниҳод менамояд, ки азбаски аз калимаи «tay» номи як қабилаи араб шудани вожаи «tāčik» аз лиҳози забоншиносӣ дуруст ба назар намерасад, бояд пажӯҳишҳоро дар бораи вожаи «тоҷик» ба қаъри таърих бибарем. Дар бораи муносибати байни вожаи «тоҷик» ва «тозӣ» ба маънои «қавми араб» чунин гуфтан мумкин аст, ки ин ақида тарафдорони зиёде дорад ва як навъ дар байни муҳаққиқони шарқшиноси эронӣ ва ғарбӣ ақидаи расмӣ ҳам ба ҳисоб меравад. Вале ҷустуҷӯйҳои илмии солҳои охир гувоҳи он аст, ки ин ақида пояи илмӣ надорад ва вақте сухан дар бораи вожаи «тоҷик» ё «тазик» меравад, бояд таърихи қавмҳои эрониро дар назар гирифт. Зеро агар ба асарҳои илмиву динии давраи пеш аз исломӣ такя кунем, ҳам қавми тоз ва ҳам дашти Тозиён ба мавқеи ҷуғрофии паҳншавии халқҳои ориёӣ, ки бештар ба даштҳои Осиёи Марказӣ ва Сибири Шарқиву Ғарбӣ ва Урал тааллуқ дорад, рост меояд» (Эмомалӣ Раҳмон. Асари номбурда. – Саҳ. 95).
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баррасӣ ва таҳлили саҳеҳтари вожаи «тоҷик» аз дигар олимону пажӯҳишгарон хеле пештар рафта, таҳқиқот ва дастовардҳои навтарини илмиро аз ҷониби муҳаққиқони ҷаҳон пайгирӣ ва хулосаҳои худро дар робита ба мавзӯи мазкур иброз медорад. Вай аз сарчашмаҳои илмие, ки забоншиносии эронӣ дарёфт ва мавриди натиҷагирӣ қарор додааст, истифода намуда, афкори олимони Аврупоро дар ин боб иқтибос карда, беасос будани онҳоро низ бо мисолҳои боварибахш рад мекунад. Се манбаи муҳим аз ҷониби муаллиф ба сурати хулоса пешниҳод мешавад, ки аз сангнавишти бохтарии Яковланг дар вилояти Бомиён (Афғонистон), сиккаи як подшоҳ бо лақаби ифтихоромези «Қайсари Рум» ба забони бохтарӣ ва як барг аз як нусхаи монавӣ-портӣ иборатанд.
Баъд аз таҳқиқи омӯзиши сангнавиштаҳои бохтарӣ олим Симс Вилямс ба натиҷае мерасад, ки дар сатри чаҳоруми сангнавишта исми қавми «тоҷик» ба маънии «тозӣ», яъне араб мебошад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои донишманди тоҷиктабори Олмон Ғулом Ҷелонии Довариро, ки сангнавиштаҳои бохтариро аз таҳқиқи лабораторӣ гузаронида, дақиқ намудааст, ки ҳарфи аввали калимаи «т» буда, бар хилофи Симс Вилямс, ки онро «дол» мепиндошт, ифодагари номи tazigo мебошад, ҳамчун далел оварда, зикр менамояд, ки «бинобар он ба таври куллӣ таъбири тоҷик-Tazigo ба ҳайси араб ва санггузории сангнавиштаҳо бо соли 492 бохтарӣ (724 милодӣ) аз тарафи Симс Вилямс ба назар дуруст намерасад. Агар фарзан қабул кунем, ки ин таърих дуруст аст, боз ҳам дар он замон дар минтақаи Бомиён арабҳо ҳанӯз вуҷуд надоштанд…» (Эмомалӣ Раҳмон. Асари номбурда. – Саҳ. 100).
Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки олимони баъдина низ ба иштибоҳ роҳ дода, бо ҳар роҳ халқияти тоҷикро бо арабҳо як медонанд. Ҳол он ки дар сангнавиштаи Яковланг матн ба маънии зерин омадааст: «Вақте, ки ман подшоҳи турк ва подшоҳи тозиг (тоҷик) шудам». Дар ин асари сангӣ ҳеҷ гуна ишорате ба қавми араб ва вожаи ҳамном вуҷуд надорад.
Дар идомаи андешаҳои худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нусхаи хати монавӣ – портӣ сиккаҳои замони Тегиншоҳиён ва тафсири вожаҳои тоту сарт ва «тоҷик» ёдовар гардида, ҳамон хулосаи саҳеҳеро, ки пештар устод С. Айнӣ баён намуда буд, дуруст ва асоснок шуморида, мегӯяд: «Аз ин матнҳо бармеояд, ки вожаи «тозиг» ба араб ва шоҳи араб ҳеҷ иртиботе надорад» (Эмомалӣ Раҳмон. Асари номбурда. – Саҳ. 105).
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тафсилоти тавзеҳи вожаи «тоҷик»-ро дар иртибот бо муродифҳои он, масъалаи муносибати мутақобилаи вожаҳои «тоҷик» ва турк, тафсири калимаҳои «деҳгон», «деҳқон», маҳфумҳои «озодагон», «ашрофу аъроб» ва «тоҷику тозӣ» идома дода, ақидаҳои назоратчиёни масъалаи мавриди назарро ба тариқи зерин хулоса мекунад:
«Аз баррасиву мутолеаи осори муҳаққиқону пажӯҳандагон дар бораи вожаи «тоҷик» ва маънову давраҳои истифодаи он ба чунин хулоса омадан мумкин аст. Албатта, ин хулоса фақат хулосаи афкори онҳост:
- Тахмини Бартолд В. В. дар бораи дар даврони исломӣ аз шакли пешини «тачик» пайдо шудани шаклҳои баъдии «тозӣ» ва «тозик» асоси илмӣ надорад. Махсусан, дар ҳамин давра номи «тозӣ» ба маънои «араб, арабизабон» аз «тоҷик» фарқ мекард.
- Барои ҳамон замон бо зуҳури арабҳо дар Осиёи Марказӣ пайдо шудани вожаи «тоҷик» ё «тажик» аз «тазӣ» ё «тазик» ба маънои «араб» ва тамоман фарқ накардани арабҳо аз халқҳои эронитабори Осиёи Миёна, ки туркҳо бо онҳо робитаҳои бевосита доштанд, асоси воқеӣ надорад.
- Бояд ба назар гирифт, ки дар як солномаи тибетии соли 732-и милодӣ тоҷикон ҳамчун сокинони бумии эронии Осиёи Марказӣ ва ҳамсоягони наздики Чин дар Ғарб ёд мешаванд. Ин моро водор мекунад, ки ақидаи фарқияти куллӣ доштани вожаҳои «тозӣ» ва «тоҷик»-ро боз ҳам бештар тасдиқ намоем.
- Вожашиносии дурусти эҳтимолии вожаи «тоҷик» ҳамон решашиносии мардуми «тоҷдор» аз рӯйи доштани кулоҳи монанди «тоҷ ё шона» мебошад.
- Дар забони паҳлавии сосонӣ (парсик ё форси миёна) калимаи «тоҷик» дар мавриди араб ё арабҳои эронишуда ва ҳам арабҳое, ки дини зардуштиро пазируфта буданд, ба кор рафтааст.
- Зоҳиран калимаи «тоҷик» аз роҳи забони портӣ ба суғдӣ ва баъд ба форсии дарӣ ҳамзамон бо зуҳури ислом ворид шудааст. Баъзеро ақида бар ин аст, ки лафзи «тажик» дар забони хутании қадим, ки ба расмулхати бараҳманӣ навишташуда, мустаъмал будааст.
- Муғулон ғайри худро тозик мегуфтанд. Ҳамин ки туркон зоҳир шуданд, ин калимаро дар бораи ориёиҳо, яъне халқҳое, ки турк набудаанд, истеъмол кардаанд» (Эмомалӣ Раҳмон. Асари номбурда. – Саҳ. 111-112).
Аз таҳлили мухтасар метавон он фикрро тасдиқ кард, ки тоҷикон миллати қадимтарин дар рӯйи олам буда, бинобар аз нажоди озодагон будан шоҳони онҳо ба сар тоҷ мениҳанд.
Донишманди тоҷик И.Усмонов ин нуқтаро таъкид медорад, ки «аз тоҷик будан, тоҷикӣ сухан гуфтан ифтихор кардан, ҳамзамон бо он эътироф кардан ва дар ҷои лозима зикр кардан, ки замоне халқамонро хеле кам ба ин ном ёд мекарданд ва забонамонро тақрибан ҳамеша бо номи дигар тазаккур медоданд, таърихи воқеии мост… Вале имрӯз мо тоҷикему забонамон тоҷикист ҳамчун халқи мо танҳо дар Тоҷикистон ва Афғонистон ба номи «тоҷик» шинохта шудему натанҳо миллатпарасти миллатсози бузургони Осиёи Миёна – С. Айнӣ, А. Муҳиддинов, С. Ализода, Ш. Шотемур, Н. Махсум, Б. Ғафуров, Э. Раҳмон, балки ватанпарастии Ҳабибулохон ва Аҳмадшоҳи Масъуд низ ном ва забони миллати моро пок кардаанд» (Усмонов И. Сарнавишти “тоҷик”. – Душанбе, 2015. – Саҳ. 44).
Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол, соҳиби забон ва хат аст, муҳимтар аз ин, дар харитаи ҷаҳон ҳудудҳои худро дорост, пас зарур аст, ки «калимаи «тоҷик»-ро дар он сарзамине, ки ҳазорсолаҳо боз ин халқ зиндагӣ мекунад хор ва беобрӯ накунем», зеро хор ва беобрӯ кардани калимаи «тоҷик» аз арсаи илму таърих нобуд сохтани номи тоҷик аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ