Устод Айнӣ дар Украина

7-уми феврали соли равон Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлат Назрӣ аз Китобхонаи хониши оилавии ба номи Анатолий Димарови шаҳри Киев боздид кард. Ҷолиб он аст, ки дар китобхонаи мазкур гӯшаи махсусе ба ҳаёту эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ бахшида шудааст. Ин гӯшаро дар баробари китобҳо, нимпайкараи устод ва қолинчаи дастбофе бо акси ӯ зеб медиҳад.

Тавре сомонаи сафорат хабар медиҳад, сафир бо директори китобхона Светлана Батюк оид ба рушди муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Украина ба тавофуқ расида, дар мавриди таъмини гӯшаи Садриддин Айнӣ бо китобҳо ва маводи иловагии зарурӣ ба тавофуқ расидаанд.

Вақте ин хабар расонаӣ шуд, аз роҳбари “Фонди адабии Садриддин Айнӣ”, вориси арзандаи устод Эраҷ Айнӣ хабар расид, ки дар шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина осори мунтахаби устод Айнӣ, ки шомили повестҳои “Аҳмади Девбанд” (тарҷумаи А. Могила) “Ҷаллодони Бухоро”, “Мактаби куҳна” (А. Синкевич) ва “Марги судхӯр” (А. Могила) аст, чоп шудааст. Китоби мазкур бо сифати баланд ва ороиши зебо аз ҷониби Фонди Денис Юсупович Парамонов нашр шудааст.

Дар шароити кунунӣ, ки Ҷумҳурии Украина ду сол боз дар ҳолати ҷанг аст, таваҷҷуҳ ба осори сардафтари адабиёти муоисри тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ далели дӯстии қавии халқҳои тоҷику украин мебошад.   

Робитаи адабии халқҳои тоҷику украин таърихи беш аз садсола дорад ва дар ин пайванд шахсият ва осори устод Айнӣ меҳварӣ мебошад.

Бо осори устод Айнӣ хонандаи украинӣ аз солҳои 30-юм ошноӣ пайдо кард, ки дар ин кор нақши Евгений Филлипович Ребрик (1888-1950) калон аст. Вай соли 1914 Институти забонҳои шарқи ба номи Лазаревсийи Москваро хатм карда, солҳо корманди бонки муштараки эрониву советӣ дар Теҳрон буд. Соли 1927 ба Ватан баргашта, муқими Мариупол шуд. Солҳои 1930-1932 дар Омӯзишгоҳи шарқшиносии Харков муаллимӣ кард. Маҳз дар ҳамин давра ӯ ба осори нависандаи тоҷик С. Айнӣ таваҷҷуҳ карда, повести “Одина”-ву романи “Дохунда”-ро тарҷума намуд. Арзиши ин тарҷумаҳо дар он аст, ки Ребрик онҳоро аз забони асл тарҷума мекард.

Ребрик дар вақти тарҷума бо устод С. Айнӣ робита доштааст. Ӯ дар яке аз номаҳояш ба устод менависад: “Хоҳиш мекунам, ки ҳолномаи худро бароям фиристед ва иҷозат диҳед, ки аз он дар сарсухани ба тарҷума менавиштаам истифода намоям”.

Устод Айнӣ ҳам дар посух ба тарҷумони украинӣ дар баробари дархости ӯ, китоби “Намунаҳои адабиёти тоҷик”-ашро бо соядасти “Ба рафиқ Ребрики гиромиқадр, донишманди муҳтарам аз мураттиби ин маҷмӯа” фиристодааст.

Соли 1931 повести “Одина” дар тарҷумаи Ребрик дар Украина нашр шуд. Тарҷумон дар сарсухани муфассалаш дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, адабиёти тоҷик ва шахсияти Айниву арзиши осораш маълумот медиҳад. Ӯ устод Айниро “офарандаи повестӣ миллӣ” дар адабиёти тоҷик муаррифӣ намудааст.

Романи “Дохунда” бошад, соли 1934 ба нашр расид, гарчанде он соли 1932 тарҷума шуда буд. Ба ин китоб ҳам тарҷумон сарсухани муфассал навишта, ба ин васила дар шинохти устод Айнӣ дар Украина саҳм гузоштааст. Ребрик дар сарсуханаш арзиши бадеии “Дохунда”-ро бо “Сели оҳанин”-и Серафимович ва “Чапаев”-и Фурманов баробар арзёбӣ мекунад.

Муҳаққиқи робитаҳои адабии тоҷику украин А. З. Дун менависад, ки осори Айнӣ ба забони украинӣ зуд маъруфият пайдо мекунанд. Китобҳои устод дар мағозаҳо паҳн шуда, дар байни чанд рӯз фурӯхта мешаванд. Дун хулоса мекунад, ки яке аз омилҳои маъруфият пайдо кардани асарҳои устод дар он аст, ки сарнавишти Одинаву Ёдгор ва муҳити иҷтимоии зиндагии онҳо ба сарнавишти украиниҳои то инқилоб монандӣ дошт.

Ҳамчунин, шоҳкории устод Айнӣ “Ёддоштҳо” низ ба забони украинӣ тарҷума шудааст. Ин асарро тарҷумони украинӣ Олекс Новитский тарҷума кардааст. Новитский низ 15-уми феврали соли 1951 ба устод Айнӣ нома навишта, эшонро аз нияти тарҷума огоҳ мекунад. Ҳамчунин, хоҳиш мекунад, ки устод ба нашри украинии “Ёддоштҳо” сарсухани вежа нависад. Устод Айнӣ 21-уми сентябри соли 1951 ба Нависткий номаи ҷавобӣ менависад ва ба ӯ ҳолнома, рӯйхати таълифот ва дигар маводи лозимиро барои сарсухан мефиристад. 

Пас аз ин, повестҳои устод С. Айнӣ “Аҳмади Девбанд”-у “Марги судхӯр” аз ҷониби тарҷумон А. Могила ва “Ҷаллодони Бухоро”-ву “Мактаби куҳна” аз ҷониби тарҷумон А. Синкевич тарҷума ва соли 1958 дар як ҷилд дастраси хонандаи украинӣ мешавад. Инак, бо гузашти қариб ним аср, ин китоб дар Ҷумҳурии Украина бознашр шуд.

Ҳамчунин назму насри устод Садриддин Айниро адибони дигари украин О. Шокало, С. Жолоб ва Л. Билик дар солҳои гуногун тарҷума кардаанд. А. З. Дун “Аз таърихи робитаҳои адабии халқҳои тоҷику украин” менависад, ки шоири украин М. Рилский шеъри “Пушкин”-и устод Айниро тарҷума карда, шомили китоби “Гулдаста ба Пушкин” кардааст. Устод С. Айнӣ аз ин хушҳол шуда, нияти тарҷумаи ашъори ин шоирро доштааст.

Дар баробари адибон адабиётшиносони Украина низ ба осори устод Садриддин Айнӣ таваҷҷуҳи вежа доштанд. Нависанда ва пажуҳишгари украинӣ И. Микитенко ҳанӯз соли 1935 дар Конгресси ҷаҳонии адибон суханронӣ карда, устод Садриддин Айниро яке аз чеҳраҳои бузурги фарҳанги ҷаҳонӣ арзёбӣ карда буд. Муҳаққиқони украинӣ С. Ф. Семёнова, В. Белан, С. Лавров дар бораи устод Айнӣ мақолаҳо навишта, соли 1987 нависанда ва муҳаққиқи украинӣ И. М. Дзюба рисолаи “Садриддин Айнӣ” (239 саҳ.)-ро таълиф кард, ки дар он рӯзгору осори устод мавриди пажӯҳиши густарда қарор гирифтааст.

Албатта, ба ғайр аз устод Садриддин Айнӣ осори дигар адибони тоҷик низ дар Украина ва осори адибони украин дар Тоҷикистон тарҷумаву нашр шудаанд, ки ин мавзуи суҳбати дигар хоҳад буд.

О. НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *