Усулҳои фурӯши онлайнӣ дар тиҷорати муосир
Ҳама чиз дар бораи IT
Новобаста аз он, ки ширкати шумо калон аст ва ё шумо меваю сабзавоти тару тозаро дар бозор мефурӯшед, фаъолиятатон ба шабакаҳои фурӯш ниёз дорад.
Бояд дар бораи шумо донанд ва на танҳо теъдоди муштариёни муайян, ки шуморо иҳота мекунанд ё шумо метавонед ба онҳо занг занед, балки корбароне низ ҳастанд, ки метавонанд дар бораи шумо аз шабакаи ҷаҳонӣ, ба ибораи дигар, аз Интернет маълумот гиранд.
Ва ин ҷо аксар вақт суоле рӯ мезанад, ки корро аз куҷо оғоз бояд кард?
Кушодани саҳифа дар шабакаи иҷтимоӣ, ҷойгир кардани маълумот дар бораи худ дар портали таблиғотӣ ё таъсиси сомонаи худ муҳим аст.
Дар як мақолаи кӯтоҳ ҳама нуктаҳоро фаро гирифтан душвор аст, вале мо кӯшиш мекунем равишҳои асосиро баён созем.
Пеш аз ҳама, ба шумо роҳандозии усули содда барои пешбурди тиҷорататон лозим аст.
Албатта, сохтани саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ хеле осон ва қулайтар аст: аккаунт месозед, онро бо маълумот пур мекунед, акс ва тавсифи зебо илова мекунед ва сипас мунтазам мустақилона ё бо кумаки smm-менеҷер (мутахассисе, ки дар бораи матолиби шумо оид ба маҳсулот, хидматҳо ё фаъолияти ширкат шарҳҳо менависад) кори саҳифаатонро пеш мебаред.
Камбудии назарраси ин равиш дар он аст, ки саҳифа дар манбаи ягон каси дигар ҷойгир аст ва ҳар вақт метавонад таҳти таҳрим ё ягон таъсири дигар аз ҷониби соҳиби шабакаи иҷтимоӣ қарор гирад.
Як мисоли равшан меорам:
Як оила аз Италия дар “Фейсбук” блоги ғизоӣ роҳандозӣ мекард ва ин даромади асосии онҳо буд. Ногаҳон, бидуни шарҳи сабабҳо, аккаунти онҳо ба муддати номуайян баста шуд. Оила якбора бе манбаи ягонаи даромад монд.
Вазъият бо ҷойгиркунӣ дар портали таблиғотӣ монанд аст. Шумо саҳифаи таблиғотии худро эҷод мекунед, тавсиф ва мухотибон илова менамоед, категорияро интихоб мекунед. Аммо портал ба шумо тааллуқ надорад, вале он як бартарии хуб дорад — теъдоди корбароне, ки ба он ташриф меоранд, аз ҷустуҷӯ истифода мебаранд ва шуморо бо дархост пайдо мекунанд. Ва ин аудиторияи содиқ ба маълумот ба шумо низ содиқ хоҳад буд.
Агар шумо тасмим гирифтед, ки сомонаи худро таҳия кунед, пас пеш аз ҳама боварӣ ҳосил хоҳед кард, ки ин маҳсулот ба шумо тааллуқ дорад.
Шумо худатон намуди зоҳирӣ, сохтор, мундариҷа ва ғайраро назорат мекунед.
Албатта, сохтани сомона мушкилтар аст ва мо дар ин бора дар мақолаҳои дигар суҳбат хоҳем кард, аммо тиҷорате, ки манбаи интернетии худро дорад, дар назари муштариёни эҳтимолӣ хеле устувортар менамояд ва инчунин барои маъракаҳои таблиғотӣ имкониятҳои бештар фароҳам меорад.
Аммо, тавре таҷриба нишон медиҳад, масоили чӣ гуна татбиқ кардани фурӯши онлайнӣ дар сатҳи болоӣ баррасӣ намешаванд ва барои самаранок пеш бурдани тиҷорат шумо ба кумаки мутахассисоне ниёз доред, ки бигзор ҳатто як тадқиқоти оддии маркетингӣ гузаронанд, аммо ба шумо ёрӣ мерасонанду ҳам вақт ва ҳам маблағатонро сарфа мекунед.
Муаллифи гӯша:
Максим ШУМСКИХ,
Директори генералии ширкати байналмилалии IT «Матадор»
Аз ҳама ҷолиб дар Telegram: t.me/matador_it
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ