Утоқи зӯроварон. Пешгирии ҷудошавии оила ва хушунат нисбат ба фарзандон

Нуринисо Қурбонова сокини шаҳри Истаравшан буда соҳиби се фарзанд асту дар пайи хушунати оилавӣ бо  шавҳараш тариқи судӣ   ҷудо шудааст. ба гуфтаи Қурбонова  наздики 15 соли зиндагии якҷоя дар оилаи шавҳараш на танҳо аз ҷониби худи марди оила, балки аз ҷониби дигар пайвандони шавҳар зери хушунати оилавӣ ва табъиз қарор гирифтааст.

Нуринисо гуфт аз сабаби он ки волидонаш барои бефарзандӣ ӯро аз хонаи кӯдакон ба фарзандхонӣ гирифтаанд  пайваста шавҳар ва хушдомани 3 хоҳаршӯяш ӯро “ҳаромӣ”,  “бесоҳиб” ва  ба ин монанд суханҳои таҳқиромез мекарданд.

Нуринисо гуфт зӯроварию маломати хушдоману хоҳаршӯяш низ дар зиндагӣ дилгираш кард. Бо ҳамин хушунати оилавию ҷанҷоли пай дар пай тоб оварда чанд сол зиндагӣ кард. Кор ба ҷое расид ки шавҳараш наворҳои парнографиро нишон дода талаб мекард, ки айнан чунин рафторро кунад, вагарна пули мактаби кӯдаконро намедиҳад. Яъне қаҳрамони мо болои хушунати рӯҳию ҷисмонӣ зери хушунати ҷинсӣ ва иқтисодӣ ҳам қарор гирифт. Ба суханону амалҳои шайтонии шавҳараш тоб наоварда борҳо қасди худкушӣ ҳам кард, хушбахтона шоҳидони ҳодиса ӯро аз ҷанголи марг наҷот додаанд.

 Ҳоло ин зани хушунатдида, аз шавҳараш ҷудо шудаву оилаи нав барпо кардааст. Аммо ҳанӯз бо тарсу ҳарос зиндагӣ мекунад. Таҳдидҳои хоҳаршӯяш маҷбур кард, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳояш ба мақомоти судӣ ариза кунад.  Нуринисо гуфт мурофиаи судӣ доир шуд ва хоҳаршӯяш баёнот додааст, ки дигар пайи таҳдиду таҳқири вай намешавад. Суд ҳам ӯро огоҳ кардааст, ки табъиз нишон доданро хотима бахшад.

Садриддин Саидов мушовири утоқи машваратии равонӣ-ҳуқуқӣ дар шаҳри Хуҷанд аст, ки он миёни мардум бо номи “Утоқи зӯроварон” маълум аст. Номбурда мегӯяд, ки ҳадафи асосии таъсиси утоқи кор бо зӯроварон пеш аз ҳама расонидани кумаки ҳуқуқию психологӣ ба зӯроварон аст.

Саидов мегӯяд, ки дар ҳолати хушунат агар бо зӯровар корбарӣ нашавад, ӯ хушунаташро ба наздиконаш идома хоҳад дод.

“Мисол, марде, ки зӯровар аст, баъди аз якум ҳамсараш ҷудо шудан хоҳу нохоҳ дигар зан мегирад ва боз нисбати зани дуюмаш низ хушунату зӯровариро давом медиҳад. Бинобар ин, утоқи машваратии мо бо кумаки нозирони минтақавӣ, кормандони Кумитаи кор бо занон ва оила, мутахассисон ёрии ҳуқуқию психологӣ мерасонад”,- мегӯяд номбурда.

Саидов мегӯяд, ки баъди ба кор оғоз кардани утоқи машваратӣ чанд нафар аз занҳо бо хоҳиши худ омада, иқрор мешаванд, ки нисбат ба кӯдакашон зӯроварӣ кардаанд.

“Ба хатои худ иқрор шудан қадами нахустин аст. Бинобар ин, дар суҳбати якум зӯроварон аллакай хатои худро мефаҳманд, дар суҳбати дуюму сеюм аллакай тағйироти куллӣ дар онҳо эҳсос мешавад”,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Зикр кардан бамаврид аст, ки утоқи машваратӣ бо дастгирии МИҲД-и вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфтааст ва дар сурати самаровар шудан дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд чунин утоқҳо кушода мешаванд.  

Муҳаррам Раҳимова, равоншиноси утоқи машваратӣ мегӯяд, ки онҳо ба чандин нафар аллакай кумак расонида, чандин оиларо аз пошхӯрӣ наҷот додаанд. 

“Феълан, як оила аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба мо муроҷиат кардааст. Ин оила дар вартаи пошхӯрӣ қарор дошт, ки гунаҳгори чунин ҳолат зан аст. Ӯ барои сарфҳои беҳуда қарздор шудааст. Шавҳар намехоҳад, ки оила пароканда шавад, бинобар ин, чанд маротиба қарзҳои ӯро пардохтааст. Вале ин зан на танҳо нисбати шавҳар, балки нисбати ду кӯдаки ноболиғаш низ хушунату зӯровариро идома медод. Баъди машваратҳои мо, зан тағйир ёфт, феълан ба кор даромад ва оила аз пошхӯрӣ наҷот ёфт”,- мегӯяд Муҳаррам Раҳимова.  

“Утоқи кор бо зӯроварон” соли дуюм аст, ки амал мекунад. Ин утоқ  ба шахсони зӯровар кумаки психологию ҳуқуқӣ мерасонад, аммо таъйини ҷазо дар салоҳияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст.

Муҳаррам Раҳимова мегӯяд, ки то имрӯз ба марказ 18 нафар муроҷиат кардаанд, ки аз инҳо 6 нафар зан ва 12 нафарашон мард мебошанд. “Ин нафарон ба воситаи Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд ба мо муроҷит кардаанд. Ҳарчанд теъдоди занон нисбат ба мардон камтар аст, вале нигаронкунанда мебошад, зеро занон бештар нисбат ба фарзандонашон хушунатро раво мебинанд”,- мегӯяд Раҳимова.   

Дар ҳамин ҳол, Хуршеда Хоҷазода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд иттилоъ дод, ки ҳоло дар вилояти Суғд 635 оилаҳои осебпазир ба қайд гирифта шудаанд, ки барои кам кардани теъдоди онҳо корбарӣ шуда истодааст.

Фарзона ШАМСИЕВА,

шаҳри Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *