Узвияти Эрон дар Шанхай барои ҳузури Кабирӣ дар Теҳрон вето шудааст
Дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар Тоҷикистон баргузор гардид, Чин ва Тоҷикистон узвияти доимии Эрон дар ин созмонро вето кардаанд.
Расонаҳои эронӣ менависанд, ки Тоҷикистон ба далели ҳимояти Эрон аз Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон ва роҳ додани Муҳиддин Кабирӣ дар Конфронси бедории исломӣ ба узвияти ин кишвар дар ин созмон мухолифат кардааст.
Чин бошад, ба баҳонаи ин ки ҳанӯз мушкилоти ҳастаии Эрон бо Амрико ва Ғарб ҳал нашудааст, ба узвияти доимии Эрон мухолифат карда, вето гузоштааст.
Хабаргузории расмии эронӣ дар иртибот ба мухолифати Тоҷикистон дар хусуси узвияти Эрон дар ин созмон навиштааст: «Иллати мухолифати Тоҷикистон бо узвияти Эрон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ҳузури Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси бедории исломӣ буд. Бояд дар назар дошт, ки бархе аз кишварҳои ҷудошуда аз Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ, дар воқеъ дучори навъе «ваҳмгароии минтақа» ҳастанд. Бадин маънӣ, ки ин кишварҳо дар ҳоле, ки бо таваҷҷӯҳ ба пешинаи худ навъе ҳамгироиро, ба вижа бо Русия доранд, аммо дар талошанд, ки худро ба Ғарб низ наздик кунанд, баъзан гиреҳи ҳалли мушкилоти дохилии худро дар он сӯйи марзҳо ҷустуҷӯ мекунанд. Ин амр низ ба навбаи худ боиси тафриқаи оро дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла мавзӯи узвияти расмии Эрон дар созмони мазкур мешавад».
Дар ин хусус сомонаи хабаргузории Садо ва симои ҷумҳурии Исломии Эрон хабар нашр карда, меафзояд, ки аз дархости расмии Эрон барои аз узви нозир ба узви комил табдил шудан дар ин созмон ҳашт сол сипарӣ мешавад, вале сардамдорони ин созмон бо ҳар баҳонае аз матраҳ шудани ин мавзуъ канорҷӯӣ мекунанд. Дар охирин нишаст ҳам, ки Эрон бо Ғарб ва Амрико ба тавофуқ расида ва фазои пасо аз таҳрим ба вуҷуд омад, ин бор ҳам сарони кишварҳои узви СҲШ ба узвияти Эрон мухолифат карданд ва ин мавзуъ аслан мавриди баҳси сарон қарор нагирифт.
Хабаргузориҳои Эрон бо истинод ба манбаъҳои дипломатии худ навиштаанд, ки ба узвияти Эрон танҳо Чин ва Тоҷикистон мухолифат карда, аммо Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон пуштубонии худро аз узвияти Эрон ба ҳайси кишвари узви комилҳуқуқ эълон кардаанд.
Равобити Эрон ва Тоҷикистон пас аз ҳаводиси шӯриши Ҳоҷӣ Ҳалим ба шиддат ба сардӣ майл карда, дар поёнтарин сатҳ қарор гирифт. Ба гумони Тоҷикистон Эрон аз ҳизби назҳат(ҳизби мамнуъшуда дар Тоҷикистон) пуштибонӣ мекунад. Ҳузури Муҳиддин Кабирӣ дар Теҳрон дар конфронси ваҳдати исломӣ хашми мақомоти Тоҷикистонро барангехт ва Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо фиристодани нота аз ин кори Эрон изҳори норизоиятӣ карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ