Вақте аз хас шоҳкор меофаранд. Намоиши асарҳои Зиёвиддини Наққош дар Хуҷанд (аксҳо)

Дар галереяи “Сомониён”-и шаҳри Хуҷанд намоиши асарҳои рассом Зиёвиддин Мирзоев, ки бо тахаллуси Нақшбанд рассомӣ мекунад, баргузор шуд. Дар намоиши мазкур, ки 21 январ баргузор гардид, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, рассомон ва фарҳангиён Хуҷанд ширкат карданд.

Дар намоиш асарҳои рассом бо номҳои “Тирамоҳи кӯча”, “Нақши аввалин”, “Гавазн”, “Нурафшон”, “Садбарг”, “Фарҳанг”, ”Шӯхоб”, “Рӯди куҳӣ”, “Роҳи Аглук”, “Ҷӯи мӯлиён”, “Гулдаста”, “Санги лағжон”, “Маликаи Саразм”, “Меҳргон”, “Зарафшон”, “Баландкуҳ”, “Ангур”, “Кӯли диёр”, “Пулча”, дар маҷмӯъ 59 номгӯй асарҳои рассом пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд.

“Дар осори ба намоиш гузошташуда манзараҳои дилфиреби Тоҷикистони биҳиштосо, рӯду куҳҳо, зебоиҳои ҳаёт, образҳои воқеию бадеӣ, Саразми бостон, маликаи Саразм тасвир шудааст, ки аз ҳунари волои рассом гувоҳӣ медиҳанд” – менависад, пойгоҳи хабарии раиси вилояти Суғд.

Намоиши асарҳои Зиёвиддин Мирзоев навгонии аҷиб аст, зеро шеваи кори Нақшбанд бисёр аҷиб ва барои Тоҷикистон нав аст. Номбурда асарҳои хешро бо хас (пояи ҷав ва гандум) меофарад, ки қабл аз ин назир надошт.

Зиёвиддин Мирзоев зодаи Панҷакент буда, хатмкардаи омӯзишгоҳи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанбе мебошад. Рассом дар зодгоҳаш машғули кори эҷодист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *