Ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ — кафили гулгулшукуфоӣ

Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои тоҷикону тоҷикистониён рӯзи муқаддас ва санаи таърихиву сарнавиштсози баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил ба шумор рафта, асоси рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишварро дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон таҷассум мекунад.

Ваҳдат — ин беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушд ва нумуи даврони инсон дар ҳар замону макон аст. Ба шарофати ин мафҳум ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши созмонҳои бонуфузу ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлатҳои алоҳида қарор гирифтааст.  Маҳз ба шарофати ҳамин неъмати бузург мо ба ҳам омадему пойдориву ягонагии мардумро устувор карда тавонистем.

Ҳар фарди худогоҳу меҳанпарасти Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзӣ бояд аз ин дастоварди нодир ифтихор дошта бошанд. Зеро, дар сарзамине, ки алайҳи душманони муғризаш ҷангзада гардида буду бародар хуни бародарашро мерехт ва нобовариву ноумедӣ руҳияи инсониро фаро гирифта, ин сарзамини ҳамешабаҳорро ба як биёбони бебутта табдил дода буд, барқарор гардидани пояи сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагӣ боиси аз байн бурдани ин ҳама ноумедиҳо гардид.

Дар Тоҷикистони азиз бо шарофати заҳмату ҷонбозиҳои хастагинопазири фарзанди фарзонаву бохирад, оқилу сарсупурдаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 навбаҳори гулфишон доман паҳн карда, ба ҳадди бузург пояҳои Ваҳдат мустаҳкам гашта, барои боварӣ ба ояндаи нек устуворӣ бахшид. Ин буд, ки мо тавонистем бо муттаҳид сохтани неруҳои сиёсӣ, таъмин кардани ризоияти ҷомеа истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишварамонро ҳифз кунем ва бо сарҷамъии мардуми Тоҷикистон дар пояи бахшишу сулҳу оштӣ Ваҳдати миллиро таъмин намоем.

Ваҳдат барои мо номаи тақдири миллат, омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият аст. Воқеан, ваҳдату истиқрори сулҳи поянда бузургтарин дастоварди миллати мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад.

Ифтихори мо бештар аз он аст, ки бо ин амал аз асолати фитрӣ ва рисолати таърихии худ ба ҷаҳониён дарак дода, собит намудем, ки алорағми ҳамагуна ғаризаҳо миллати тоҷик метавонад аз имтиҳони сангини таърих гузашта, роҳи беохирашро идома бахшад.

Мусаллам аст, ки ваҳдат, сулҳу осоиш ва ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ кори саҳлу осон набуд. Дар ин раванд роҳи басо душвор ва пурпечутобро пушти сар кардан лозим омад.

Раванди муттасили музокироти байни тоҷикон бо мақсади пойдории сулҳ дар кишвар, хотима бахшидан ба амалиётҳои ҷангӣ, ҳалли мушкилоти гурезаҳо ва таъмини ризоияти миллӣ маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд.

Дар ин марҳила, оғоз аз 5-уми апрели соли 1994 бо миёнравии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Москва вохўрии нахустини ҳайати ҳукуматӣ бо намояндагони мухолифин доир гардид. Дар навбати аввал масъалаҳои марбут ба хотима додани амалиёти ҷангӣ, андешидани тадбирҳо доир ба барқарорсозӣ ва таҳкими ҳусни тафоҳум, бозгашти бемамониат ва бехатари гурезаҳо ба Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар марҳилаҳои навбатии музокирот дар шаҳрҳои Теҳрон ва Исломобод консепсияи оташбас бо дарназардошти ақидаҳои изҳоргардида мавриди муҳокимаи муфассал қарор гирифта, муҳлати амали Созишнома оид ба қатъи амалиёти ҷангӣ тамдид гардид.

Марҳилаҳои навбатии музокирот дар шаҳри Ашқобод доир гардида, дар таърихи гуфтушуниди миёни тоҷикон бо номи даври бетанаффус ворид шуд. Дар зермарҳилаи якуми даври бетанаффус Протокол дар бораи принсипҳои асосии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Қобили тазаккур аст, ки бидуни мавҷуд будани душвориҳо дар раванди музокироти Ашқобод, нуқтаи назари тарафҳо роҷеъ ба муаммоҳои мубрам, аз қабили иҷрои Созишнома дар бораи оташбас, дароз намудани муҳлати фаъолияти миссияи СММ ва Комиссияи муштарак оид ба назорат аз болои оташбас, баргардонидани гурезаҳо бо ҳамдигар хеле наздик буданд.

Моҳи октябри соли 1996 дар шаҳри Теҳрон гуфтушунид миёни гуруҳҳои кории Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони ИНОТ оғоз ёфт. Ҳадафи асосии ин вохўрӣ таҳия намудани санаде буд, ки мебоист се гуруҳи масъалаҳоро фаро мегирифт: дароз кардани муҳлати оташбас, табодули асирони ҳарбӣ ва маҳбусон, роҳҳои ҳамкории мухолифин бо Ҳукумати Тоҷикистон.

Сипас, 23-юми декабри соли 1996 дар шаҳри Москва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин созишномае ба имзо расид, ки мутобиқи он тарафҳо уҳдадор шуданд, ки ҳама гуна музокиротро то 1-уми июли соли 1997 ба анҷом расонанд. Ҳадафи асосии ин созишнома қатъи ҷанги гражданӣ дар ҷумҳурӣ буд. Қисми асосии созишномаро протокол дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) ташкил менамуд.

Дар натиҷа пас аз гуфтушунидҳои сесола 27-уми июни соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари мухолифон ва намояндаи махсуси котиби Генералии СММ Герд Дитрих Меррем дар шаҳри Москва ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гузоштанд.

Ин таҷрибаи таърихӣ дар баробари саодати бебаҳо бахшидан ба миллат, ҳамчунин намунаи роҳи расидан ба сулҳ, ба Ватан баргардонидани садҳо ҳазор гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, давлатҳои алоҳида ҳамчун падидаи нодир эътироф шуда, мавриди таҳлилу омўзиш қарор гирифтааст.

Ҳанӯз дар ҳамон давра собиқ Муншии умумии СММ Кофи Аннан вобаста ба ин масъала ибрози андеша намуда, қайд кардааст, ки «Тоҷикистон ба бисёр мамлакатҳо дар бобати яктарафа кардани ихтилофоти дохилӣ ибрати беназир нишон дод. Ба фикрам, ин саҳми Тоҷикистон ба таърихи эҷоди сулҳ аст».

Барои Ваҳдате, ки тоҷикон аз ҷодаи хештаншиносӣ ба он расидаанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаштҳои зиёд карданд. Маҳз бо ташаббуси наҷибу ватандӯстонаи Пешвои миллат сатҳи зиндагии мардуми тоҷик боло рафт, бунёди иншооти хурду бузург, шоҳроҳҳову нақбҳои азимҷусса, ободонии шаҳру деҳаҳо, корҳои ободонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ дар сатҳи ниҳоят баланд ба роҳ монда шуданд. Гузоштани чандин пайкараҳои бузургони халқи тоҷик, таҷдиди биноҳои Китобхонаи миллӣ, осорхонаҳои ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносӣ, донишгоҳу муассисаҳои таълимии замонавӣ, бунёди мақбараҳо, боғу чойхонаҳо, таъмиру бунёди роҳҳо ва сохтмони неругоҳҳои обии барқӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо далели ин гуфтаҳост.

Ҳамчун зан — модар изҳори назар менамоям, ки дар ҷодаи расидан ба ин неъмати бебаҳо саҳми занони нексиришту покдомани тоҷик низ бебаҳост. Занону модарони тоҷик бо хислати таҳаммулпазирӣ, сулҳпарвариву сулҳдӯстӣ аз рисолати азалии хеш оқилона истифода бурда, дар лаҳзаҳои басо тақдирсоз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлатро дастгирӣ намуда, зиндагии осоишта, сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро аз хусумат ва ҷангу хунрезӣ болотар дониста, ин дастгирӣ барои пойдор гардидани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ омили асосӣ гардид. Зеро занон худ сарчашмаи шафқату меҳрубониянд ва аз азал бештар ваҳдатхоҳу машъалафрӯзи дӯстӣ ва ҳамбастагӣ мебошанд. Ҳам дар хонадону ҳам дар ҷомеа посбони бошарафи амониву оромӣ, боиффату дурандеш буда, дар ҳама давру замон дар хонаводаву ҷомеа калиде ҳастанд, ки дар пешбурди ҷомеа нақши асосӣ доранд. Хушбахтона, дар он рӯзҳои гирудори бесарусомониҳо занону модарон ба унвони такягоҳ ва оромишдиҳандаи хонавода нақши муҳиме бозида, баҳри расидан ба Ваҳдати миллӣ талошҳо намуданд.

Мехостам таъкид намоям, ки маҳз ба шарофати Ваҳдати миллию истиқрори сулҳ ободию осоиштагии миллати сарбаланди мо фароҳам гардида, гӯшаҳои дурдасттарини мамлакат ба гулистон табдил ёфта истодаанд. Шаҳри Гулистон низ, ки ба яке аз шаҳрҳои саноатию сайёҳии Ватани азизамон табдил ёфта истодааст, ба шарофати ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сол то сол рушд мекунад. Танҳо дар се соли охир бо мақсади истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр 221 адад иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба хотири сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақша дорем, ки имсол боз 6 адад корхонаҳои саноатӣ ва чандин бинову иншооти ҳаётан муҳимро мавриди истифода қарор диҳем.

Дар ниҳоят бо таманнои он, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар сарзамини ҳамешабаҳорамон  ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, шодиву фараҳи ҳамешагӣ Ваҳдати миллиро фарогир бошад, барои хурду бузурги Ватани азизамон ин ҷашни пурифтихори миллиро шодбош гуфта, барои ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ сулҳу субот, амнияту сарҷамъиро таманно дорам.

Раъно ҲОШИМЗОДА, раиси шаҳри Гулистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *