Ваҳшоният:Модар панҷ фарзандашро кушту худро парронд

Вай нисбати се фарзанди худ ва ду фарзандхондаш чунин корро раво дид.

Панҷ кӯдаке, ки ҷасадҳояшон дар хонаи сӯхта дар Вирҷинияи Ғарбӣ пайдо шуданд, аз ҷониби модарашон парронда шудаанд ва баъд ӯ худкушӣ кардаст, хабар медиҳад телевизиони маҳаллии WSAZ бо такя ба натиҷаҳои тафтиш. Сӯхтори хона дар наздикии Вилямсбург рӯзи 8 декабри соли 2020 рух дода буд. Шерифи округи Гринбриер Брюс Слоун гуфт, ки Ореанна Майерси 25-сола кӯдакони аз як то ҳафтсоларо парронда куштаасту баъд манзилашро оташ зада , худкушӣ кардааст. Вай нисбати се фарзанди худ ва ду фарзандхондаш чунин корро раво дид. Дар ҷои ҳодиса оташнишонон се мактуб пайдо карданд, ки дар яке аз онҳо ин зан ба қатли кӯдаконаш иқрор шудааст. Вай суст будани вазъи саломатии рӯҳии худ ишора кардааст.Қаблан дар Тоҷикистон низ чанд ҳодисаи аз тарафи модарон аз ҳаётмаҳрум кардани кудакон рух дода буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *