Ваъдаи Шералӣ Кабир ба Малика Боракова дар Ишкошим

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав зимни боздид аз як корхонаи дӯзандагӣ дар ноҳияи Ишкошим ваъда додааст, ки ба соҳибкорзан кӯмак мекунад.

Боздиди Шералӣ Кабир аз ноҳияи Ишкошим 29 июн якҷо бо раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот сурат гирифтааст.

Вазири  саноат ва технологияҳои нав ва ҳайати гуруҳи корӣ дар деҳаи Рэни Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков аз рафти фаъолияти корхонаи хурди дӯзандагӣ дидан ба амал оварда, аз фаъолияти кории ин корхона шинос шудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси ВМКБ, ба вазир иттилоъ доданд, ки дар корхона айни ҳол 6 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мебошанд.

“Дар суҳбат бо роҳбари корхона Боракова Малика вобаста ба дӯхти либоси мактабӣ маълум гардид, ки корхона барои ба роҳ мондани дӯхти либоси мактабӣ ба дастгоҳву таҷҳизотҳои зарурӣ эҳтиёҷ дорад. Шералӣ Кабир қайд намуд, ки дар ин самт, яъне таъмин намудани дастгоҳву таҷҳизоти зарурӣ аз ҷониби вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ хоҳанд ёфт. Ҳамчунин, ҷиҳати аз худ намудани нозукиҳои кори дӯхти либоси мактабӣ дар доираи дастгириҳо 3 нафар барои омӯзиш ба корхонаи дӯзандагии ноҳияи Дарвоз фаро гирифта мешаванд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар ин сафар Шералӣ Кабир аз чандин корхонаҳои дигар, аз ҷумла корхонаи коркарди “Ангат” ва заминҳои кишт боздид намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *