Вахш соҳиби Коллеҷи аграрӣ мешавад
Коллеҷи аграрӣ, ки ҳоло сохтмонаш дар ноҳияи Вахш идома дорад, аз чанд бинои 4 ва 5-қабата иборат аст. Коллеҷи мазкур барои се ҳазор донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Инчунин, дар ин ҷо хобгоҳ барои 1200 хонанда ва 60 манзили истиқоматии хизматӣ барои омӯзгорон бунёд меёбад.
Дар ин росто, имрӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, сохтмони иншооти таъйиноти гуногун ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Вахш сафари корӣ анҷом дода, нахуст бо вазъи корҳои сохтмонӣ дар бинои Коллеҷи аграрӣ шинос шудааст.
Бино ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон, иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ аз тарафи Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 48 милиону 912 ҳазор сомонӣ сохта мешавад.
Гуфта мешавад, ки мақсад аз бунёди Коллеҷи аграрӣ таъмини соҳаи кишоварзӣ бо мутахассисони касбӣ мебошад. Масоҳати замин барои сохтмони коллеҷ қариб 8 гектарро ташкил дода, харҷномаи умумии лоиҳа 149 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ