Ваксинагирии сокинони Хуҷанд зимни аксияи густурдаи эмгузаронӣ

Дар мавзеи Регистони бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд бо иқдоми Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр бо ҷалби сироятшиносон, духтурони маркази саломатии №3, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ризокорон аксияи густурдаи эмгузаронӣ ташкил карда шуда, дар натиҷа беш аз 30 нафар шаҳрвандон ваксина гирифтаанд.

— Бояд гуфт, ки имрӯзҳо сокинони шаҳри Хуҷанд бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳали зист муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд. Онҳо аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, хосатан дар самти сари вақт дастрас намудани ваксинаи зидди бемории коронавирус сипосгузорӣ менамоянд,- иттилоъ медиҳад Вазорати тандурустии кишвар бо истинод ба Хадамоти матбуоти вилояти Суғд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3-юми июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман бояд ба табибони оилавӣ ва ё муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *