Валӣ Ҳиҷозӣ боз ба Тоҷикистон меояд
Валӣ Ҳиҷозӣ бори дуюм барои дидор бо мухлисонаш ба Душанбе меояд.
Ин хунёгари маъруфи Шарқ рӯзи 24 июл аз соати 19:00 то 21:00 дар Кохи Суруш консерт дорад. Арзиши чипта аз 100 сомонӣ шуруъ мешавад ва чиптаҳоро метавонед ин ҷо мустақим бихаред.
Ин бори дуюм аст, ки Валӣ меҳмони Тоҷикистон мешавад. Қаблан, ӯ соли 2010 ҳамроҳ бо сарояндаи маъруфи эронӣ Бинямин Баҳодурӣ барои анҷом додани як барномаи ҳунарӣ ба кишвари мо омада буданд. Валӣ он замон зимни суҳбат бо расонаҳо роҷеъ ба кишвари мо ва сафари ҳунариаш ба Тоҷикистон гуфта буд, ки қаблан дар бораи Тоҷикистон аз дӯстони ҳунармандаш бисёр шунида буд, ки ҳама аз хубиҳояш ҳарф мезаданд ва ниҳоят нафарони боэътимоде пайдо шуданд, ки ӯро ба Тоҷикистон даъват кунанд. Ӯ бо бисёре аз сарояндагони маъруфи Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳои Аврупо ҳамкорӣ дорад, чун Афшин, Садриддин Наҷмиддин ва дигарон. Валӣ бо Маҳваш низ чандин барномаи консертӣ дошт. Ҳамзамон, шоми 12 сентябри соли 2010 дар толоре дар Лондон консерти муштараки Садриддини Наҷмиддин ва Валӣ бо ибтикори ширкати “Қиём Интернейшнал” доир шуд. Инчунин, ӯ соли 2014 ду суруди шодравон Баҳром Ғафурӣ “Дар ин замона” ва “Духтари ҳамсоя”-ро бозхонӣ кард, ки ҳаводори зиёд пайдо карданд.
Ёдовар мешавем, ки Валӣ Ҳиҷозӣ 29-уми майи соли 1986 аз падар ва модари ҳиротӣ дар шаҳри Машҳади Эрон таваллуд шудааст. Падараш раиси Бонки миллии Афғонистон буд. Дар синни хурдсолӣ волидайни Валӣ ба шаҳри Ҳомбурги Олмон ҳиҷрат кардаанд. Ӯ ҳамакнун дар Олмон зиндагӣ мекунад.
Падару модари Валӣ аз форсизабонони шаҳри Ҳирот буда, ба шеъру мусиқӣ таваҷҷӯҳи зиёд доштаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ