ВАО муқобили коррупсия

Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ дар самти тарғиботи зиддикоррупсионӣ эълон карда шуд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки озмун таҳти унвони «Васоити ахбори омма муқобили коррупсия» баргузор мешавад.

Вазорат ният дорад, ки озмуни мазкурро моҳи декабри соли равон ҷамъбаст намояд.

«Ба озмун мақолаҳое роҳ меёбанд, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои марказии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва мустақили Тоҷикистон дар давоми сол дар мавзӯи мубориза бо коррупсия нашр гардидаанд»,- омадааст дар эълон.

Таъкид шудааст, ки барои ҷои якум мукофотпулӣ дар ҳаҷми 7 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойҳои дуюму сеюм 4 ҳазор сомонӣ ва 2 ҳазор сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *