Варзишгарони тоҷикро дар соли 2023 кадом сабқатҳо интизоранд?
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯйхати мусобиқаҳои варзишии минтақавию ҷаҳониеро, ки варзишгарони мо дар он иштирок мекунанд, нашр кард.
Тавре дар иттилоия омадааст, муҳимтарин чорабинии варзишии соли 2023 19-ум Бозиҳои Осиё мебошад, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин доир мегардад. Ба барномаи бозиҳо 40 намуди варзиш ворид гардидааст ва дар якчанд намуд, аз ҷумла бокс, шиноварӣ, тӯббозӣ дар об, камонварӣ варзишгарон имкони дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпиро доранд.
Ҳамзамон, 17-26-уми ноябр дар шаҳрҳои Бангкок ва Чонбурии Тайланд 6-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ баргузор мешавад. Ба барномаи ин бозиҳо 35 намуди расмии варзиш ва ду намуди варзиши намоишӣ ворид шудааст ва ҳамагӣ 334 мусобиқаро дар бар мегирад.
Аз чорабиниҳои дигари сатҳи баланди варзишӣ, ки соли 2023 баргузор мегардад ва варзишгарони мо дар сурати ба даст овардани роҳхат имкони иштирок дар онро доранд, ин 2-юмин Бозиҳои соҳилии ҷаҳонии ANOC мебошад, ки моҳи август дар Балии Индонезия баргузор мешавад.
Тими мунтахаби футболи кишвар дар Ҷоми Осиё-2023, ки охири сол дар Қатар доир мегардад, ширкат хоҳад кард. Ҳамчунин, дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола моҳи май дар Тайланд ва ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон моҳи март дар Ӯзбекистон дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё иштирок мекунанд.
Тоҷикистон 2-4-уми июн бори аввал Гран Прӣ оид ба ҷудоро мизбонӣ мекунад. Ин мусобиқаи байналмилалӣ дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии пойтахт баргузор хоҳад шуд. Ҳамчунин, чун анъана дар Рӯзи пойтахт (шанбеи сеюми моҳи апрел) Ниммарафони Душанбе, моҳи март аввалин мусобиқаи байналмилалӣ — Ҷоми Тоҷикистон оид ба қайиқронии слалом доир хоҳанд шуд.
— Дигар мусобиқаҳои анъанавӣ, мисли чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон оид ба намудҳои гуногуни варзиш, мусобиқаҳои байналмилалии рейтингӣ ва интихобии олимпӣ ба нақша гирифта шудаанд. Ҳамаи мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2023 интихобии олимпӣ маҳсуб меёбанд. Варзишгарон дар мусобиқаҳо иштирок карда, хол ба даст меоранд ва мавқеашонро дар радабандии олимпӣ беҳтар мекунанд. Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин, ки моҳи сентябр дар Белгради Сербия баргузор мешавад, дар ҳар вазн (6 вазн гӯштини юнонӣ-римӣ, 6 вазн гӯштини озод, 6 вазн гӯштини бонувон) 4 роҳхати олимпӣ дода мешавад. Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ моҳи июл дар Фукуокаи Ҷопон дар намуди эстафета ва даставӣ 3 роҳхати олимпӣ тақсим мешавад. Дар намудҳои инфиродӣ бошад, варзишгарон бояд меъёрҳои муқарраркардаи Созмони ҷаҳонии варзишҳои обӣ (World Aquatics)-ро иҷро кунанд,- иттилоъ медиҳад манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ