Ватандор Шеров: Ҳоло ба ҳунари асил камтар аҳамият медиҳем

Ватандор Шеров яке аз ҷавононест, ки пурра худро ба театру синамо бахшидааст. Ҳунармандест, ки эҷод мекунад, нақш меофарад, ба саҳна мегузорад, месозад, таҳия мекунад ва аз ҳама муҳим кори дӯстдоштаашро анҷом медиҳад. Намуна аст, намунаи як ҷавони сарсупурдаи ҳунар, театр ва синамо.

Мавсуф чанде пеш саркоргардони Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов таъин шуд ва суҳбати мо низ бо ӯ аз ин паём ё масъулияти бузург оғоз гардид.

Фасли аввал:

ВАЗИФА ВА ЭҶОДКОР

-Саркоргардони театр будан пеш аз ҳама масъулияти бузург аст ва баъд вазифа. Ин масъулиятро чӣ гуна қабул кардед?

— Дуруст мегӯед, бисёр масъулияти бузург аст. Ин кори душвор буда, тамоми кори аҳли ҳунару театр бар душамон мебошад. Аммо чун бовар карданд ва моро лоиқ донистанд, кӯшиш мекунем, ки сазовор бошем. Қабул кардан осон набошад ҳам, боварӣ ва эътимоди ҳамкорон ба мо қувва медиҳад ва Худо кунад, ки рисолатамонро ба хубӣ анҷом бидиҳем.

— Шумо ҳунарманди ҷавон ва ҳамзамон хеле сермаҳсул ҳастед. Оё вазифа ба корҳои эҷодиатон халал намерасонад?

— Албатта, халал мерасонад. Бархе корҳои эҷодие, ки тибқи нақша бояд анҷом медодем, дастамон нарасида истодааст ва вазифа масъулияти хеле зиёд мехоҳад. Мекӯшем, ки ба ҳама корҳоямон бирасем, зеро он корҳои эҷодӣ ҳам муҳиманд.

— Мавсими театриро чӣ гуна ҷамъбаст кардед ва дар мавсими нав чӣ нақшаҳо доред?

— Мавсимро бо намоиши “Ашки хунини модар” ҷамъбаст кардем ва Худо хоҳад, мавсими навро бо намоиши нав оғоз мекунем.

Фасли дуюм:

АЗ ҚАДРИ ҲУНАРМАНД ТО МУШКИЛОТУ НОРАСОИҲО

— Оё ба таври бояду шояд ба ҳунару ҳунарманд дар кишвари мо арҷгузорӣ мешавад?

— Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша ҳунармандонро дастгирӣ мекунад. Хушбахтона, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ҳунармандон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ мешаванд. Ҳамчунин, дар Рӯзи театр аз ҷониби Вазорати фарҳанг нисбат ба ҳунармандон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Аммо ягона мушкиле, ки ҳунармандони ҷавон доранд, ин надоштани хона, нарасидани маош ба манзили иҷора мебошад. Дигар шукр, ки кору маҳсули эҷодкор қадр меёбад.

— Шумо ҳунарманди ҷавонед, бигӯед, ки як ҳунарманди ҷавон ҳоло чӣ мушкил дорад?

— Шукр, ки бархе мушкилиҳоро паси сар кардем. Ҳоло ягона мушкил ҳамин аст, ки ягон асари хуб ёфта, ба намоиш гузорему берун аз ҷумҳурӣ ҳунари театриамонро муаррифӣ кунем.

— Кор дар театр чӣ гуна аст, оё барои шумо созгор аст?

— Дар шароити орому осуда зиндагиву фаъолият дорем, ки аз ин дида, неъмати бузурге нест. Ба ҳамааш шукр.

— Чанд сол аст, ки дар театр кор мекунед? Оё дар ин муддат боре фикри тарки коратонро кардаед?

— Тӯли 14 сол мешавад, ки кор мекунам. Дар ин муддат дар чандин намоишҳо нақш офаридааму чандин намоиши дигар ба саҳна гузоштаам. Дар мавриди фикри тарки кор кардан бошад, бояд бигӯям, ки чунин ҳолат буд. Замоне дилсард шудем ва хостем ба дигар кор машғул шавем, аммо муҳаббати театру ҳунару эҷод нагузошт, ки аз кор равам.

— Се мушкилоти театри мо кадом аст?

— Кам будани драманависон, нарасидани ҳунармандони ҷавон, кам будани коргардонҳои ботаҷрибаву ҳирфаӣ.

— То кадом андоза аҳли театр ҳоло рисолаташонро назди ҷомеа иҷро мекунанд?

— Фаъолияти театрҳо хуб аст. Ҳар сол театрҳои мо 4-5 асари навро рӯйи саҳна меоранд. Ба манотиқи кишвар сафарҳои ҳунарӣ ташкил карда, дар хизмати мардум ҳастанд.

— Барои ҳунарманд чӣ муҳим аст?

— Фикр мекунам озодӣ ва маҳбубият. Озод набошад, хуб нақшашро иҷро карда наметавонад. Маҳбубият надошта бошад, ангезаи хуб бозидану барои кӣ бозиданро дошта наметавонад.

— Ҳоло ҳам ба театр тамошобинро баъзан маҷбурӣ мебаранд. Чӣ бояд кард, ки тамошобин худ ба театр равад?

— Хушбахтона, бисёр корхонаву идораҳое ҳастанд, ки бо хоҳиши худ омада намоишҳоро мебинанд. Баъзан насли ҷавонро низ ба театр меорем, онҳо пас аз ҳар намоиш ба хулосае меоянд, ки дубора барои тамошои намоиши театрӣ меоянд, зеро писандашон меояд.

Шуморо ҳамчун таҳиягари филмҳои хуб, ки мавзӯъҳои рӯзмарраро дар бар мегиранд, мешиносем. Филмҳои «Захм», «Инсоф» “Гумроҳ” ва “Меҳри модар” маҳсули эҷоди шумост. Бигӯед, ки кор дар майдони филмбардорӣ осон аст ё дар саҳнаи театр?

— Дар майдони филмбардорӣ хеле осон аст кор кардан. Он ҷо имкони хато кардану аз нав сабт кардан аст, аммо дар саҳнаи театр чунин имкон нест.

Фасли сеюм:

ПАЙРАҲАИ РӮЗГОР

— Чӣ хел шуд, ки шумо ба дунёи ҳунар омадед?

— Ёд дорам, ки замони мактабхонӣ нисбат ба ҳунару санъат хеле шавқи зиёд доштам ва дар чорабиниҳои мактабӣ бисёр фаъол будам. Аслан, аксари одамоне, ки роҳи эҷоду ҳунарро интихоб кардаанд, аз ҳамон хурдсолӣ ба ин соҳа рағбат доштаанд ва худро танҳо дар ҳамин роҳ дидаанд.

Агар ҳунарманд намешудед, кадом касбро интихоб мекардед?

— Агар ҳунарманди театру синамо намешудам, бо эҳтимоли зиёд сарояндагиро интихоб мекардам. Зеро буд замоне, ки дар тӯйҳо суруд мехондам.

Роҳи эҷоду ҳунар хеле мушкил ва ноҳамвор аст, бигӯед, ки дар ин роҳ кадом мушкилиҳоро паси сар кардед?

— Воқеан ҳам, ин роҳи мушкил аст. Пеш аз он ки ба театр ҳамчун ҳунарманд ба кор биёӣ, бояд асарҳои зиёди адибони дохилу хориҷро хонда бошӣ, ҳунарпешаҳову коргардонҳои дохилу хориҷро бишносӣ, аз сатҳи корашон бохабар бошӣ ва умуман таҳкурсии хуб дошта бошӣ. Дар мавриди мушкилиҳои аз сар гузаронидаам бошад, бояд бигӯям, ки бисёр хушбахтам, ки ба ман устодони бузург Барзу Абдуразоқов, Нозими Мелик, Обид Назариён ва дигарон маҳорати актёрӣ омӯзонидаанд. Устодон бисёр сахтгир буданд, ҳатто буд лаҳзаҳое, ки дар донишкада шабҳо хоб мерафтем ва вазифаҳоямонро иҷро менамудем. Аз ашёҳои беҷон сар карда, то порчаҳои асарҳои машҳурро ба саҳна мегузоштем ва ба театрҳо рафта, намоишҳоро медидем.

— Аз нигоҳи шумо ҳунар чисту ҳунарманд кист?

— Як драматург асаре эҷод менамояд. Ҳунарманд бошад, ба қаҳрамони асар ҷон медиҳад, ӯро ба мардум мешиносонад, зоҳиру ботини қаҳрамонро ба намоиш мегузорад ва мардум хулоса мекунанд, ки ба ӯ пайравӣ намоянд ё нафрат кунанд. Ин корро танҳо ҳунарманди асил карда метавонад.

Киҳо метавонанд ҳунарманд шаванд?

— Албатта, на ҳар кас ҳунарманд шуда наметавонад. Ҳоло мутаассифона, мебинем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе худро ҳунарманд эълон карда, чӣ хеле, ки хоҳанд, нақш меофаранд. Ҳунарманд касе мешавад, ки дар аввал шавқ дорад, истеъдод дорад, донишкадаро хатм мекунад, дар театр ё синамо аз устодони соҳа таҷриба мегирад ва худро мудом такмил медиҳад. Мутаассифона, ҳоло ба ҳунари асил камтар аҳамият медиҳем. Дар ҳоли ҳозир ҳар касе пул дораду наворбардоре меёбад, худро ҳунарманд эълон мекунад. Хуб мешавад, агар ба ҳунари асил ва ҳунармандони воқеӣ рӯ биёрем.

— Оё зиндагиатонро бидуни ҳунар тасаввур карда метавонед?

— Не, акнун мо дар ҳамин роҳ рафтем. Ҳеҷ тасаввур карда наметавонам, ки бидуни кори эҷодӣ зиндагӣ карда тавонам.

— Аз роҳи тайкардаатон пушаймон нестед?

— Не, Худо ризқи моро бо ҳамин роҳ додааст ва шукр, ки дар ҳамин соҳаву кор зиндагиро пеш бурда истодаем.

Таҳияи Меҳрубон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *