Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Туркманистон меравад

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо даъвати муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов рӯзҳои 15-16-уми июли соли 2023 ба Туркманистон сафари расмӣ анҷом медиҳад.

Бино ба иттилои ВКХ, қарор аст дар Ишқобод мулоқоти роҳбари мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов ва гуфтушунидҳои ӯ бо ҳамтояш Р. Мередов баргузор гардад.

— Дар доираи сафар муҳокимаи масъалаҳои татбиқи созишномаҳое, ки моҳи майи соли 2023 дар натиҷаи сафари давлатии Роҳбари Туркманистон ба Тоҷикистон ба даст расидаанд, ба нақша гирифта шудааст,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *