Вазиру сафир масъалаи сохтмони муассисаҳои таълимиро баррасӣ карданд

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммад-Тақӣ Собирӣ мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илм, Раҳим Саидзода зимни мулоқот аз сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ кардааст. Ҷонибҳо қайд кардаанд, ки вохӯрӣ ба рушду тавсеаи минбаъдаи шарикӣ мусоидат хоҳад кард.

— Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои зиёд, аз ҷумла лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои гуногун, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва бурсияҳои таълимиро мавриди баррасӣ қарор доданд,- меафзояд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар заминаи маориф ва илм бар асоси як ёддошт аз 31-уми декабри соли 1996 ба роҳ монда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *