Вазорати маориф: Обро дида баъд мӯза кашед

Аз 17-уми август дар тамоми муассисаҳои таълимӣ — томактабӣ мактабҳо, литсейҳои касбӣ-техникӣ, коллеҷҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо дарсҳо шурӯъ мегарданд.

27-уми июл дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти COVID-19 қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тасдиқи «Тартиби омодагӣ ва баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тавсияҳои умумӣ барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27.07.2020, №11/19 ба тасвиб расид. Ва дар асоси он расман эълон гардид, ки аз 17-уми августи соли 2020 дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳо оғоз меёбанд.

Дар қарори мазкур ва тавсияҳои умумӣ, ки пешниҳод гардиданд, нофаҳмиҳои хеле зиёд ба вуҷуд омаданд. Мардум гуфтанд: “Чаро 3 баст дарс мемонанд?” “Чаро 25 дақиқа дарс мехонанд?”, “Дар 25 дақиқа хонандагон чӣ гуна аз мавзӯи нав бохабар мешаванд ва боз дарс ҷавоб медиҳанд?”, “Барои 3 баст кардани дарсҳо шароит надорем!” ва ғайраҳову ва ҳоказо. Ва ин ҳама нофаҳмиҳо медонед аз куҷоянд? Аз нодонӣ, аз нахондани маълумоти дуруст, аз худро идора карда натавонистан дар фазои маҷозӣ. Дар ин хусус Вазрати маориф ва илм гуфт: “Боиси нигаронӣ он аст, ки қариб сад дарсади онҳое, ки дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ бо диди интиқодӣ сухан карданд, танҳо ба навиштаи ин ё он расона ва ё овозаҳои шунида такя карда, ҳуҷҷати мазкурро умуман мутолиа накардаанд ва чунин пиндоштанд, ки гӯё дарсҳо ҳамагӣ 25 дақиқа идома меёбанд”. Яъне обро на дида мардум мӯза мекашад.

Бояд тазаккур дод, ки вақти баргузори дарс дар муассисаҳои таълимии зинаи умумӣ» замима шудааст, ки дар он низоми дарсҳо аз рӯи се Тавсия нишон дода шудааст ва танҳо Тавсияи 1 мавриди амал қарор мегирад. Яъне, Тавсияи 1 тибқи муқаррарот ва стандарти ҷорӣ буда, дар он гуфта мешавад, ки “Давомнокии дарсҳо дар муассисаи таълимӣ барои синфҳои якум 35 дақиқа, барои синфҳои 2-11 на зиёда аз 45 дақиқаро ташкил медиҳад. Машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар басти якум соати 8:00 оғоз ёфта, соати 12:55 ба анҷом мерасад. Басти дуюм соати 13:10 оғоз шуда, соати 17:55 ба анҷом мерасад”. Дар масъалаи буҷаи вақти дарс ягон тағйирот пешбинӣ нагардидааст. Яъне, дарсҳо мисли ҳарвақта оғоз ёфта, минбаъд низ идома меёбад. Мавзӯъҳои дарсҳо бошанд, дар журналҳои муваққатӣ ҳамчун замима ба журнали асосии соли таҳсили 2019-2020 қайд мегардад. Журнали муваққатӣ метавонад дафтари синфӣ бошад, ки он ба журнали асосӣ дӯхта мешавад. Ҳамчунин, ин барои ҳисоби аниқи дарсҳои давоми соли таҳсили гузашта мусоидат менамояд.

Дар мавриди Тавсияҳои 2 ва 3 бояд гуфт, ки Вазорати маориф ва илм тибқи онҳо дар вақти нохуб шудани вазъият амал мекунад ва ҳоло ки хушбахтона вазъият хуб аст, дарсҳо мисли пештара ва бидуни ҳеҷ тағйироте гузаронида мешаванд.

Ҳамзамон, Вазорати маориф ва илм гуфт, ки дарсҳо аз рӯи барномаи таълимии тарҳрезишуда мувофиқ ба барнома ва нақшаи таълимӣ роҳандозӣ мегардад. Барномаи мазкур аз ҷониби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм барои 17-31-уми августи соли 2020  таҳия гардида, дастраси сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо гардонида шудааст. Барномаи омӯзишӣ барои муассисаҳои таълимие, ки забони таълимашон ғайритоҷикӣ аст, низ омода ва дастраси омӯзгорон гардонда шудааст. Чорякҳо ва таътилҳои мавсимӣ низ тибқи муқаррарот — Низомномаи намунавии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бетағйир боқӣ мемонанд. 

Бояд дар назар дошт, ки бурдани кӯдакон ба кӯдакистонҳо ихтиёрӣ буда, падару модароне, ки имконияти дар хона тарбия ва нигоҳ доштани кӯдакро доранд, метавонанд кӯдаконашонро ба кӯдакистон то ба эътидол омадани вазъият наоранд. Дар чунин ҳолат ҷои кӯдак дар кӯдакистон нигоҳ дошта мешавад. Илова ба ин, дар ин муддат маблағ барои нигоҳубини кӯдак пардохт карда намешавад. 

Ҳамзамон, дар банди 4-уми ҳуҷҷати мазкур гуфта мешавад: “Барои тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ки дар низоми таҳсилоти кредитӣ фаъолият менамоянд, тибқи Стандарту барномаҳои таълимӣ дар як ҳафта дар ҳаҷми 15 соат ва дар як рӯз дар ҳаҷми 3 соат дарсҳои фаъол ташкил ва ба роҳ монда шавад (тибқи талаботи нақшаи таълимӣ дар як нимсолаи таҳсил аз теъдоди умумии 720 соати ҷудогардида 240 соат дарсҳои фаъоли аудиторӣ, 240 соат кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор ва 240 соат кори мустақилонаи донишҷӯ мебошад, ки дар як ҳафта ба 15 соат баробар аст). Раванди таълим дар зинаи магистратура ва докторантура, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) дар асоси Стандарту барномаҳои таълимӣ ба роҳ монда шавад.”

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *