Винисиус: Аз шаҳраки шӯрапуштон то майдони бузурги “Реал Мадрид”

Баъд аз баргузор гардидани “Эл-класико” дар Испания ва ба ҳособи 2:0 ғолиб омадани Нилунориҳо дар майдони “Сантяго Бернабео” номи Винисиус Ҷуниор дар сархати расонаҳои олам қарор гирифт. Бале, маҳз ӯ буд, ки ҳисоби бозиро дар дақиқаи 71-ум боз намуда дастаи шоҳонаро ба пеш баровард.

 
Винисиус кист?


Винисиус Ҷуниор соли 2000-ум дар “Сан Гонкало”, ки дар наздикии “Рио-де-Жанейро” ҷойгир аст, таваллуд шудааст. Замони кӯдакии Винисиус пур аз хавфу хатар сипарӣ шудааст. Шаҳраке, ки оилаи футболбоз зиндагӣ мекарданд, зери назорати қочоқбарону ҷинояткорон қарор дошт. Гурӯҳи ҷиноятпеша дар баробари қочоқи маводи мухаддир, инчунин, ба тиҷорати инсон низ сарукор доштанд. Ба ҳамин хотир Ҷуниор ва ҳамсолонаш дар кӯча гаштугузор карда наметавонистан. Хушбатона, баъд аз чандин даргириҳо байни мақомоти қудратӣ ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша шаҳрак ба дасти мақомоти қудратӣ гузашт. Акнун маҳорату малакаи футболбозии Винисиус диққати ташкилоти “Onde Tem Tiroteio”, ки парастории кӯдакони камбизоати шаҳракро бар уҳда дош, ҷалб намуд. Маҳз бо дастгирии ин ташкилот ӯ тавонист ба академияи футболи “Фламенго” дохил шавад.

Фламенго

Аз соли 2006 вай бозингари академияи “Flamengo Club”  гардида, қариб тамоми унвону ҷоизаҳои худро маҳз аз ҳамин даста ба даст овардааст. Дар 16-солагӣ ӯ дар мусобиқаи ҷавонони ҷоми “Сан-Пауло” беҳтарин бозингар эълон карда шуд. 13 майи соли 2017 ӯ бозии худро дар ҳайати асосии клуб дар  Серия А бар зидди “Атлетико Минейро” анҷом дод. Пас аз ин бозӣ Винисиус шартнома бо “Фламенго”-ро то соли 2022 тамдид кард. Дар шартномаи нав, маоши ҳамлагари 16-сола зиёд карда шуд ва маблағи ҷуброн аз 30 то 45 миллион евро зиёд шуд. Маҳорату малака ва шуҳрати Винисиус марзҳоро шикаста, то ба Аврупо расид. Ҳамин буд, ки ҳайати мураббиёни абардастаи Аврупо “Манчестер Юнайтед” ба ин бозингар мароқ зоҳир карданд, аммо директори иҷроияи клуб Эд Вудворд намехост, ки ба як ҷавони бразилӣ маблағи ҳангуфт сарф кунад.

Винисиус Флеманго

 10 августи соли 2017 барои Ҷуниор бе шубҳа рӯзи таърихӣ буд, зеро ӯ дар бози барои ҷоми Амрикои Ҷанубӣ бар зидди “Фаластино” аввалин голи худро ба самар расонид. Дар ин бозӣ Фламенго бо ҳисоби 5: 0  пирӯз шуд, ки нақши Винисиус дар ғалаба аз ҳама зиёд буд. Пас аз даҳ рӯзи рақобати мазкур “Фламенго” дар бозии серияи А бар зидди “Атлетико Гоянсиенс” рақобат намуда, дар дақиқаҳои аввали бозӣ ӯ дубл анҷом дод. Ва рақибро бо ҳисоби 2:0 дучори шикаст намуд.
15 марти соли 2018, вай дар Копа ҳамлагар Либертадоресро иваз намуда, вориди майдон гардида, боз ҳам дубл намуд ва бо ҳисоби 2-1 ба дастааш ғалаба овард.

Реал Мадрид

23 майи соли 2017, Реал Мадрид бо “Flamengo” оид ба гузариши футболбоз, ки моҳи июли соли 2018 баргузор мешуд, расман созишнома баст.  Маблағи интиқол 45 миллион евроро ташкил медод. Тибқи шартҳои шартнома, ба Винисиус ҳуқуқҳо ба нимҳимоятгари ҳуҷум дода шуд. 20 июли соли 2018 Ҷуниор расман ҳамчун футболбози клуби шоҳонаи “Реал Мадрид” муаррифӣ карда шуд.  Нахустин бозии худро ӯ дар ҳайати дастаи шоҳона 26 август муқобили дастаи “Кастилла” анҷом дод. Бразилиягӣ аз дақиқаи аввал дар бозӣ муқобили  “Атлетико Б” ба майдон баромада, дублро ба номи худ сабт кард ва дастаҳо бо ҳисобии мусовии  2: 2 бозиро хотима бахшиданд.

Услуби бозӣ

Бояд гуфт, ки Винисиус дар ҳайати дастаи шоҳонаи “Реал Мадрид” ҷавонтарин бозингар ба ҳисоб рафта, қобилияти баланди тӯбронӣ дорад. Инчунин, ӯ дорои суръати баланд ва техникаи тези футболбозӣ дошта, услуби бозиаш аз дигар футболбозон фарқ мекунад.. Баъзеҳо услуби бозии Винисиусро бо услуби бозии Неймар муқоиса мекунанд, ки ин ҳам беасос нест, зеро пойбозиҳои ин ду футболбоз ва техникаи тезашон бисёр шабеҳи ҳаманд. Аммо худи Винисиус дар футбол ба Роналдо монанд будан мехоҳад. Ҳатто дар яке аз суханрониҳояш Криштианоро “Худои” футбол гуфта буд.

Дастовардҳо

Фламенго

    Ғолиби Ҷоми “Ганабар”: 2018
    Финалисти Ҷоми Бразил: 2017
    Ғолиби Ҷоми Амрикои Ҷанубӣ: 2017

Реал Мадрид

    Ғолиби Ҷоми Ҷаҳонии Club: 2018
    Super Bowl Испания: 2019/20

    Ғолиби “Эл-класико”: 2020

Тими миллии Бразилия (зери 15-сола)

Ғолиби чемпионати Амрикои Ҷанубӣ барои бозигарони U15: 2015

Тими миллии Бразилия (зери 17-сола)

Дорандаи Ҷоми BRICS барои бозигарони зери 17-сола.

Яҳё Маҳмаднабиев,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *