Винисиус

Винисиус бадтарин рӯзи ҳаёташро гуфт (аудио)

Аз шикаст хӯрдани мунтахаби Бразилия дар марҳилаи 1/4 финали Ҷоми ҷаҳонии 2022 аз Хорватия муддати зиёда гузашта бошад ҳам, сарусадоҳо то ҳол ба гӯш мерасанд.

Яке аз ҳамлагарони маъруфи дастаи мазкур Винисиус Ҷуниор дар робита ба хориҷ шудани тимаш чунин гуфт:

— Дар майдон гиря кардам, дар утоқи либоспӯшӣ гиря кардам, дар ҳавопаймо танҳо гиря кардам, вақте ба хона расидам ва ҳар гоҳ фикр мекунам, ки чӣ қадар наздик будем, гиря мекунам. Он рӯз бешубҳа бадтарин рӯзи ҳаёти ман буд.

Ҳамчунин, футболбоз дар баробари ғамгиниву ноумедӣ изҳор доштааст, ки бо гузашти вақт ва барқарор шудан, тими миллиро ба баландтарин қуллаҳо мерасонанд. Дар ин баробар, Винисиус аз мардумаш изҳори миннатдорӣ кардааст, ки дар дилхоҳ вақту замон ба футболбозон таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *