Виталий Левченко ва Нуриддин Давронов аз «Истиқлол» рафтанд

Дар ҳайати дастаи маъруфи «Истиқлол»-и Душанбе тағйирот ба амал омад, ки хабарсозтарини он тарки ин клуб кардани мураббии муваффақ Виталий Левченко аст.

Гуфта мешавад, ки дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва мураббии соҳибном Виталий Левченко ҳамкории худро хотима бахшиданд. Ба иттилои дафтари матбуоти клуби шаҳри Душанбе, баъд аз анҷоми муҳлати шартнома ҷонибҳо бо розигии тарафайн онро тамдид накарданд ва дастпарвари футболи Тоҷикистон Виталий Левченко тарки «Истиқлол» кард. Виталий Левченко шуруъ аз соли 2020 сармураббии «Истиқлол» буд, ки таҳти роҳбарии ў даста чемпиони Тоҷикистон, барандаи Ҷом ва Суперҷоми Тоҷикистон гардидааст. Ҳамзамон, мавсими гузашта «Истиқлол» бо Виталий Левченко дар Лигаи чемпионҳои Осиё дар гуруҳи худ мақоми аввалро ишғол намуда, ба даври ҳаштякниҳоӣ баромада буд. Дар хабар аст, ки Левченко сармураббии дастаи «Тўрон»-и Ўзбекистон таъйин шудааст.

Мутахассиси дигари ватанӣ Алишер Тўхтаев муваққатан сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе таъйин шудааст.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки ниммуҳофизатгари даста Нуриддин Давронов ба яке аз дастаҳои машҳури Ҳиндустон — “Муҳаммедан”-и шаҳри Калкутта гузаштааст. Дар ин бора сомонаи расмии дастаи «Муҳаммедан” хабар медиҳад. «Муҳаммедан» дар Лигаи якуми Дивизиони Олии Ҳиндустон баромад мекунад ва варзишгоҳи хонагиаш метавонад то 85 ҳазор ҳаводорро ба ҳам орад. Дар ҳоли ҳозир даста баъди 18 даври рақобатҳо дар ҷадвал зинаи дуюмро ишғол кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *