ВКД : Хитой дар Тоҷикистон пойгоҳ худро намесозад…
ВКД пас аз пайдо шудани хабарҳо оид ба сохтмони пойгоҳи ҳарбии Чин дар қаламрави Тоҷикистон чунин муроҷиатнома паҳн намуд: “Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад, ки дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар заминаи инфрасохтори мавҷудбудаи Дастаи милитсияи зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ гузаронидани машқҳои тактикии муштарак байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой пешбинӣ шудааст. Ҳамаи лавозимоти зарурӣ ва хароҷот дар вақти гузаронидани машқҳои муштарак аз ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой пешниҳод ва пардохт карда мешаванд. Ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки маълумот дар бораи он, ки гӯё дар қаламрави Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии Хитой бунёд мешавад, ба ҳақиқат мувофиқ нест ва масъалаи мазкур дар рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба гузошта нашудааст”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ