ВКД кушторҳои Конибодомро шарҳ дод
Имрӯз дар нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, муовини аввали вазир генерал-лейтенант Аламшозода Абдураҳмон кушторҳои ваҳшиёна дар шаҳри Конибодомро шарҳ дод.
Номбурда гуфт аз кушторҳои дар Конибодом рух дода алакай 3 куштор ба пуррагӣ ошкор шуда, 2 ҳолати дигар мавриди тафтиш ҳастанд.
Аламшозода зикр кард, ки куштори оилаи Шариповҳо ва Умаровҳо дар пайи моҷароҳои оилавӣ сар задаанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ дар марҳилаи ба суд ирсол гаштан қарор доранд.
“Вобаста ба ду куштори ахир дар оилаи Ахмедовҳо ва Ибрагимовҳо бошад, гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ҳам аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳам аз ҷониби Прокуратураи генералӣ кор карда истодаанд. Ба хотири ифшо накардани сирри тафтишот айни замон мо ба пуррагӣ дар ин масъала ахборот дода наметавонем. Парвандаҳои ҷиноятӣ ҳаматарафа ҳаллу фасл карда шаванд, баъдан дар ин бора як гузориши муфассал пешниҳод менамоем. ”- гуфт муовини вазир.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ