ВКД озмун эълон мекунад!

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин хабарнигори фаврӣ»-ро эълон менамояд.

Тавре аз вазорати мазкур хабар доданд, дар озмуни мазкур рӯзноманигорон, хабарнигорон ва намояндагони Васоити ахбори омма, ҳамчунин шаҳрвандоне, ки дорои истеъдоди хабарнигорӣ мебошанд,  метавонанд фаъолона иштирок намоянд.

«Беҳтарин наворҳои видеоӣ вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулода, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳо аз тарафи комиссияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳодиҳӣ шуда, ғолибон муайян карда мешаванд», — хабар дод манбаъ.

Озмун ҳар семоҳа ҷамъбаст гардида, барои ғолибони озмун 3 ҷой бо мукофотҳои пулӣ муқаррар карда шудааст:

— барои ҷойи якум  3000 сомонӣ;

— барои ҷойи дуюм  2000 сомонӣ;

— барои ҷойи сеюм  1000 сомонӣ.

Ҳамчунин иштирокчиёни фаъоли озмун бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.

Наворҳо бояд кӯтоҳ, мушаххасва ба талаботи рӯзноманигорӣ ҷавобгӯ буда, дар муқовимат бар зидди ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани шуурнокии ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намоянд.

Хабарнигорони фаврӣ метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams), Вичат (WeChat) бо рақами телефони мобилии +992 939 222 111 ва почтаҳои электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: [email protected], [email protected] истифода намуда, наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намоянд.

Телефонҳо барои маълумот: 227-66-50, 93 445-09-35, 985-92-02-02.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *