ВКХ: Амалҳои иғвоангезонаи хизматчиёни ҳарбии Қирғизистонро маҳкум мекунем!
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳорот пахш кард.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки “14-уми июни соли 2022 дар минтақаи масъулияти дидбонгоҳи сарҳадии “Кех” воқеъ дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон муноқишаи мусаллаҳонаи навбатӣ ба вуқуъ пайваст. Бахусус, соати 06:00 ба вақти маҳаллӣ дидбонгоҳи сарҳадии мазкур аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон бо истифода аз яроқи гуруҳӣ ва миномётҳо ба ҳамлаи ногаҳон гирифтор шуд. Дар натиҷаи ин амали таҷовузкоронаи беасос командири дидбонгоҳи сарҳадии “Кех” ҷароҳат бардошта, ба беморхонаи ҷамоати деҳоти Ворух интиқол гардид. Айни замон вазъи саломатии ӯ аз ҳад вазнин арзёбӣ мегардад”.
— Дар натиҷаи гуфтушунидҳои фаврии бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон миёни намояндагони сарҳадии тарафҳо доиршуда соати 07:30 бо вақти маҳаллӣ оташбас муяссар гардид. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ҷониби Тоҷикистон бо таассуф таъкид мекунад, ки амалҳои иғвоангезонаи Қирғизистон бар зидди Тоҷикистон хусусияти мунтазам гирифтаанд. Ин амалҳои ғайриқонунӣ вазъият дар сарҳадро танҳо мушкил карда, ба нигоҳдории фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии дӯстона мусоидат намекунад,- омадааст дар изҳорот.
ВКХ таъкид намудааст, ки “Тоҷикистон амалҳои иғвоангезонаи хизматчиёни ҳарбии Қирғизистонро маҳкум карда, аз ҷониби Қирғизистон талаб мекунад, то ҷиҳати пешгирии чунин муноқишаҳо дар оянда чораҳои бетаъхир андешад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ