Воҳидоваро боздошт карданд ё накарданд?Кадом сомона рост мегӯяд?

Мақомоти Тоҷикистон ба Файзиниссо Воҳидова, яке аз вакилони дифо иҷоза надодаанд, қаламрави кишварро тарк кунад.

Яке аз ҳамкасбони Файзинисо Воҳидова рӯзи 14-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки марзбонон рӯзи 14-уми май хостааст, аз тариқи гузаргоҳи марзии Овчӣ-Қалъача дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Қирғизистон гузарад, вале мақомот ба ӯ гуфтаанд, ки ҳаққи тарки кишварро надорад. Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфтааст, ки мақомот бо Файзиниссо Воҳидова сӯҳбат карда ва ба ӯ иҷоза додаанд, ба хонааш биравад. “ Мусоҳиби мо афзуд, ки «Воҳидова боздошт нашудааст ва саломат дар хонааш аст.» Мегуяд ин расона. Аммо сомонаи “Ахбор” ин маълумоти радиои “Озоди”-ро дурӯғ бароварда   гуфтааст: “Радиои «Озодӣ”, ки бо дурӯғросткуниаш машҳур шудааст, рӯзи 14 май хабари боздошти адвокати шинохта Файзинисо Воҳидоваро низ дурӯғ бароварда, навишт, ки «Воҳидова боздошт нашудааст ва саломат дар хонааш аст.” Ин радио менависад, ки дар гузаргоҳи Овчӣ -Қалъача дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон «мақомот боФайзиниссо Воҳидова сӯҳбат карда ва ба ӯ иҷоза додаанд, ба хонааш биравад. » Мусоҳиби мо афзуд, ки «Воҳидова боздошт нашудааст ва саломат дар хонааш аст.” Ин дар ҳолест, ки вақте ин гузориш нашр шуд, Файзиниссо Воҳидова алакай наздики 11 соат боз дар гузаргоҳи Овчӣ-Қалъача боздошта шуда, на иҷозати убури марзи Қирғизистонро дошт ва на иҷозати бозгашт ба хонаашро. Файзинисо Воҳидова шоми 14 май дар як тамоси кӯтоҳ бо «Ахбор” гузориши навиштаи «Озодӣ”-ро «саропо дурӯғ ва нодуруст” номид ва гуфт, нав ба хонааш расидааст ва ба матлаби «Озодӣ” расман эътироз хоҳад навишт”.

Кадоме аз ин сомонаҳо рост мегӯянд, то ҳанӯз маълум нест

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *