Вохӯрии навбатии Саймумин Ятимов бо Қамчибек Ташиев оид ба марз
Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд вохӯрии навбатии Комиссяи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳбарии С.С. Ятимов ва К.К. Ташиев баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, 16 октябр дар рафти мулоқот роҳбарони ҳайатҳо оид ба рафти иҷрои мувофиқаи ҷонибҳо вобаста ба тавсифи хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаҳои боқимонада изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ба гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ барои ҷоннок кардани кор ва ҳалли ҳамаи масъалаҳои наздимарзӣ дастурҳо дода шуд.
Фаъолияти гуруҳҳои кориро ҷамъбаст намуда, роҳбарони ҳайатҳо бори дигар муҳимияти Протоколи №44 аз 2 октябри соли 2023-ро вобаста ба таҳкимим раванди делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон қайд намуданд ва омодагиро барои иҷрои бечунучарои муқарроти он иброз карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ