Казахстан

Вокуниш: Шаҳрвандони Тоҷикистон дар бетартибиҳои Қазоқистон даст надоранд (аудио)

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар бетартибиҳои оммавии Қазоқистон, ки моҳи январи соли 2022 рух дода буд, рад менамояд. Дар ин бора дар торнамои расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоия нашр гардид.

Асилов Б. Н. — прокурори генералии Қазоқистон санаи 5-уми январи соли 2023 дар Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи даст доштани шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бетартибиҳои оммавии моҳи январи соли 2022 изҳори назар кардааст.

— Тибқи талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дар раванди тафтишоти пешакӣ ҷамъоварии далелҳо, ки ба қатори онҳо муайян кардани шахсияти гумонбаршудагон, ҳолати саломатӣ (дар қайди диспансерҳои наркологӣ ва психоневрологӣ будан), ҳолати оилавӣ, мавҷудияти ҷои зисти доимӣ ва бақайдгирӣ дар он, хислатномаи шахс ва дигар маълумотҳо пешбинӣ шудааст. Ба ҳолати моҳи январи соли 2023 ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ё дигар маълумоти марбута оид ба ҳодисаҳои болозикр муроҷиат ворид нагардидааст,- омадааст дар иттилоияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *