Сурайё Ғуломова: Бо бад гуфтан мо бад намешавем!
Омӯзгоре дар шаҳри Панҷакент, ки дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” мавриди интиқод қарор гирифта буд, вокуниш нишон додаву чунин муносибатро амали иғвогарона ва туҳмат меҳисобад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар саҳифаи “Панҷакентро дӯст медорам”-и ин шабакаи иҷтимоӣ номае ба унвонии раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Панҷакент ва мудири маорифи шаҳри Панҷакент бо номи “Буққагариҳо дар мактаби таҳсилкардаи Раъно” пахш гардида, дар он рафтору муносибати омӯзгор сахт интиқод шуда буд. Муаллифи ин нома, ки бо имзои мустаори “Оташчашми Папа” баромад кардааст, нахуст чанд суол мегузорад, аз ҷумла:
— Оё ба муаллим иҷоза ҳаст, ки хонандаро бизанад?
— Иҷоза ҳаст, ки муаллим ба духтарони синфи ҳафт шумоҳо ғар, бемаънӣ бигӯяд!?
— Чаро ба хонандагон кушодани «Дафтари дӯстӣ» мумкин нест?
— Чаро ба хонандагон телефони мобилӣ иҷоза нест?
— Чаро хонандагони ин мактаб то ҳол аз ҳуқуқҳои худ дифоъ карда наметавонанд?
— Ҳама кор ба муаллим иҷоза будаасту чаро ба хонанда не?
Баъдан, муаллифи нома менависад, ки “муаллимаи фанни забон ва адабиёти мактаби миёнаи рақами 28-и деҳаи Сори ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент Сурайё Ғуломова ҳангоми суҳбат чунин таҳқиру суханҳоро нисбати хонандагони ин муассиса, бахусус хонандагони синфи 7-ум раво мебинад. Ва амнан ин корро мекунад ва ё бо супориши дигарон чунин рафтор мекунад, ба мо номаълум, мегӯянд ин хонандагону волидон… Баъди ҳамаи ин таҳқиру латукӯб боз хонандагони ин муассисаро метарсонидааст, ки делоҳоятонро ба дастонатон медиҳам, гирифта аз ин мактаб равед!”.
Омӯзгори интиқодшуда Сурайё Ғуломова дар суҳбат бо Pressa.tj аз пахши чунин даъво дар шабакаи иҷтимоӣ изҳори бехабарӣ кард. Аммо, гуфт: “Як зан омада буд. Ӯ ҷиянашро ба мактаби мо оварда монд. Ҷиянаш либосҳои ғайриоинномавӣ дошт. Ман он духтарро як-ду бор ҷанг кардам. Ҷанг кардаам, аммо назадам. Дигар ин ки 2 — 3 рӯз дар мактаб бе ҳуҷҷат зиёд хондан мумкин нест. Ман он духтарро гуфтам, ки мувофиқи низомномаи мактаб либос пӯшад. Рафта холаашро овард. Холааш бо ҳар баҳонаҳо бо ман гап заду гуфтам, ки ба ҷои дигарҳо гап назанад. Дид, ки бо ман гапаш рост намеояд, гуфт, туро аз кор холӣ мекунам. Гуфтам, марҳамат. Духтарак ду ҳафта зиёдтар хонду маълумотнома гирифта, ба шаҳри Панҷакент рафт. Бо бад гуфтан мо бад намешавем. Шогирдонамону ҳамкоронамон ҳастанд, маро мешиносанд. Чанд соле, ки дар ин мактаб ба шогирдон дарс медиҳад, тамоман ба рухсатии меҳнатӣ набаромадаам. Борҳо гуфтанд, ки директори мактаб шав, розӣ нашудам. Таълими дуруст додан ба шогирдонро беҳтар медонам”.
Рустам Раҷабов, директори мактаби рақами 28-и деҳаи Сор ҳам дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки “ин ҳамааш туҳмат аст. Соли гузашта ҳам барои бадном кардани мо бисёр чиз навишта буданд дар “Фейсбук”, “дар шуъбаи маорифи Панчакент кор нест” гуфта. Сурайё Ғуломова як муаллимаи пешқадам аст, категорияи олӣ дорад. Беҳтарин муаллима аст”.
Тавре Сурайё Ғуломова изҳор дошт, ӯ аслан зодаи ноҳияи Файзобод буда, шавҳар карда ва ба ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент кӯчидааст. Ӯ гуфт: “17 сол боз ҳамчун омӯзгор кор карда истодаам. Омӯзгори забон ва адабиёт. Падарам омӯзгор, ҳоло мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод аст. Аз соли 2004 то 2010 дар ноҳияи Файзобод, дар деҳаи Чаноро ба хонандагон дарс додаам. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳастам. 10 сол бефарзанд будам. Соли 2019 як духтарчаро ба фарзандхондӣ гирифтаву зиндагӣ карда истодаам”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ