Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон қариб 40 фоиз афзоиш ёфтааст
Бино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ аз аввали соли ҷорӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ 38,8 дарсад афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар панҷ моҳи соли равон ба Тоҷикистон беш аз 289,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи умумии беш аз 231,2 миллион доллар ворид шудааст. Гуфта мешавад, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,8 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон, тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар, дар ин давра дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 10,3 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ тавлид шудааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар давоми панҷ моҳи соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 3,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти нафтӣ фурӯхта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ