Эмомалӣ РАҲМОН,
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҷлили Иди касбии кормандони соҳаи тандурустии мамлакат дар рӯзи зодрӯзи падари илми тиб Абӯалӣ ибни Сино рамзӣ ва фоли нек буда, ҳар кадоми мо - кормандони соҳаи тандурустии кишварро водор месозад, ки ба пешаи интихобкардаамон содиқ бошем, ҳифзи солимии аҳолиро дар мадди аввал қарор диҳем ва пайравони асили ин ҳакими давру замон будани хешро исбот намоем.
БештарДонишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бузургтарин муассисаи олии таълимӣ дар соҳаи маорифу тандурустии кишвар маҳсуб меёбад. Бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол баззаи модӣ-техникӣ беҳтар, биноҳои хуштарҳи донишгоҳ бунёд ва шароит барои фаъолияти омӯзгорону таълими донишҷӯён фароҳам карда шудааст.
БештарЯке аз калонтарин муассисаҳое, ки бо назардошти талаботи ҷаҳони муосир бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, 4-уми марти соли 2016 мавриди истифода қарор гирифт, Муассисаи давлати Маҷмааи тандурустии «Истиқол» мебошад. Ин боргоҳи деринтизори сокинони шаҳри Душанбеву гирду атрофи он бо муосиртарин таҷҳизот ҷиҳозонида шуда, дар Осиёи Марказӣ беназир аст.
БештарМуассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ» дар ду самт фаъолияти муассир дорад. Якум, стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ, ки барои расонидани хизмати шабонарӯзии фаврии тиббӣ пешбинӣ шудааст. Дуюм, дар ҳолатҳои фаврӣ ва самти бистаринамоӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои ковокии батн ёрии фавриву нақшавии ҷарроҳӣ, ҷарроҳии урологӣ ва консервативӣ расонида мешавад. Муассисаи мазкур чанд соли охир бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастовардҳои назаррас ҷиҳати ҳифзи сиҳатии ҷомеа ноил гардид. Рақамҳои поён бозгӯи муваффақияти кормандони мо аст.
БештарМуассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” аз гузаронидани тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат аст. Дар озмоишгоҳ тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками неруи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гарданд.
БештарФаъолияти маъмурият ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии №1” ба ном Карим Ахмедов» дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст.
БештарМаркази мил лии тиббии Тоҷикистон - “Шифобахш” бузургтарин муассисаи табобатӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад. Фаъолияти ин муассиса ба ташхис, муолиҷа ва расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба беморон равона шудааст.
БештарДар оғози соли равон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмуни “Беморхонаи беҳтарини сол” ҷамъбаст гардид, ки дар он Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона “Беморхонаи сол2023” баргузида шуд. Ин дастоварди беназир натиҷаи талошу заҳматҳои ҳамаи кормандони ин муассиса аст.
Бештар