Ворух ва мушкилоти партов. Сокинон шиква доранд

Мардуми деҳаи Ворухи шаҳри Исфара солҳост, ки барои баровардани партов мушкилӣ доранд. Дар ин ҷамоат, ки беш аз 33 ҳазор аҳолӣ дорад, умуман қуттиҳои партов вуҷуд надорад.

Бошандагони ин мавзеъ борҳо ба ҷамоати деҳоти Ворух муроҷиат намудаанд, вале муаммо ҳамоно боқист. Онҳо ҳар бор аз ҳисоби худ маблағ ҷамъ мекунанд, мошин кироя намуда, партовхояшонро ба ҷои муқарраршуда мебаранд. Бунафша Оқилова, мутахассиси ҷамоати мазкур дар сӯҳбат гуфт, ки дар ҳақиқат ин муаммо вуҷуд дорад ва аз сабаби набудани воҳиди корӣ ва мошини партовбарорӣ дар ҷамоат ин масъала ҳалли худро намеёбад.

 — Мо ба ҳукумати шаҳр оид ба ин муаммо муроҷиат намудаем ва соли 2016 як нафарро ба кор қабул ҳам кардем. Аммо аз сабаби набудани воҳиди корӣ вай аз кор рафт.

Бошандагони маҳалла аз он нигаронанд, ки набудани қуттиҳои партов боиси ифлосшавии гирду атроф гашта. сабаби авҷи бемориҳои сироятӣ мегардад. Ба гуфти истиқоматкунандагони ин деҳа, кормандони маркази санитарию эпидемиологии шаҳр низ аз ин ҳолат бохабар буда, борҳо барои ҷаримабандӣ огоҳӣ намуданд. Савол ба миён меояд, ки тозагии Ворух аз кист, дар сурати муайян набудани ҷои партов? Ҷоиз ба зикр аст, ки ҷамоати деҳоти Ворух яке аз калонтарин ҷамоат ба ҳисоб рафта, дар он зиёда аз 33 ҳазор аҳолӣ иқомат дошта, аз 20 маҳалла иборат аст.

Мадина Почоева

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *