Вуруди 460 ҳазору 350 вояҳои ваксинаҳо ба Тоҷикистон

Бо мақсади пешгирии бемории сироятии COVID-19 ва ҷиҳати ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи механизми КОВАКС ба Тоҷикистон 157 ҳазору 950 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech”, 302 ҳазору 400 воя ваксинаи “АстраЗенека” ва дар маҷмуъ 460 ҳазору 350 воя ваксина ба Тоҷикистон ворид гардид.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, вояҳои ваксинаҳои мазкур дар анбори махуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба шаҳру навоҳии кишвар интиқол дода мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ва дар асоси нақшаи пешбинишуда имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории мазкур бомаром идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *