Wi-fi-и ройгон дар пойтахт
Аз соли 2016 шаҳрдории Душанбе барои ройгон насб кардани Wi-fi дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт қарор қабул кард. Ҳамасола аз буҷети шаҳрдорӣ барои Wi-fi-и ройгон маблағ ҷудо мешавад.
Харитаи Wi-fi-и ройгон дар пойтахт
Феълан дар пойтахти кишвар панҷ ширкати мобилӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар маконҳои мухталиф нуқтаи Wi-fi-ро насб кардаанд.
1. ZET-MOBILE
дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе 45 Wi-Fi-роутер насб кардааст, ки мусофиронро бо интернети бепул таъмин мекунад.
2. MegaFon Green Wi-Fi
дар боғҳои «Боғи Рӯдакӣ», «Куруши Кабир», «Кӯли ҷавонон», «Аҳмади Дониш», «Айнӣ», «Фирдавсӣ» кор мекунад.
Ғайр аз ин, дар мавсими гармо Wi-Fi-минтақаи муваққатӣ дар “Кӯли Душанбе” — калонтарин маҷмааи фароғатӣ дар об ва дар аквапарки “Делфин” фаъол мешавад. То ин боғҳо бо автобусҳои №№8, 3, 43, 2, 4 рафтан мумкин аст, ки дар онҳо низ Wi-Fi кор мекунад.
3. “Вавилон Т”
нуқтаҳои бепулро дар боғҳои «Наврӯзгоҳ», «Нишони давлатӣ», «Парчами миллӣ» пешниҳод мекунад. Ҳамчунин ширкат чунин нуқтаҳоро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, маркази савдои «Ашан» ва дар бинои Иттифоқи нависандагон — рӯ ба рӯи МС “Баракат” (собиқ Путовский) насб кардааст. Wi-Fi-и «Вавилон-Т» дар нақлиёт нест.
4. Tcell Wi-Fi
дар боғҳои «Ҷавонон», «Куруши Кабир» ва «Умари Хайём» пайваст шуда метавонед. Ғайр аз ин, дастрасӣ ба интернет тариқи Wi-Fi дар 6 автобуси ҷамъиятӣ дар хатсайрҳои №№3, 8 и 18 мавҷуд аст.
5. Ҳамчунин нуқтаи Wi-Fi-и бепулро метавон дар марказҳои хидматрасонии ширкат дар Рӯдакӣ, 9, Гулистон, Саховат, Садбарг, Донишгоҳи омӯзгорӣ (Пединститут) ва 9-ум километр пайдо кард.
Дар ширкатҳои мобилии O Mobile ва «Анор» ҳоло чунин нуқтаҳои ҷамъиятии дастрасӣ ба Интернет мавҷуд нест.
Чаро Wi-Fi дастрас нест?
Бино ба иттилои шаҳрдорӣ, ҳудуди фарогирӣ (амал)-и Wi-Fi 200 метрро дар бар гирифта, суръаташ беш аз 1 мегабайтро ташкил медиҳад. Вале сокинон мегӯянд, ки хизматрасонии ройгони интернет дар маконҳои муқарраргардида дастрас нест.
Масъулин мегӯянд, ки бархе аз мардум шояд то ҳанӯз аз чигуна пайвастан ба интернети бемаҳдуд огоҳ набошанд.
Барои истифода аз Wi-Fi дар автобус онро дар смартфон, планшет ё ноутбуки худ фаъол кардан лозим аст. Дар саҳифаи истиқбол ба корбарон пешниҳод мекунанд, ки барои гирифтани коди дастрасӣ рақами телефони мобилиро ворид намоянд. Ин амал барои муштариёни ҳамаи ширкатҳои мобилӣ дастрас аст. Ҳар кадоме аз мусофирон се бор ба Wi-Fi пайваст шуда метавонад. Яъне зимни пайваст шудан шумо 20 дақиқа Интернет доред ва бо тамом шудани он, шумо ба таври автоматӣ аз он маҳрум мешавед. Пас аз ин шумо метавонед бори дигар ба муддати 20 дақиқаи дигар пайваст шавед. Дар як нақлиёт метавон дар як рӯз на зиёдтар аз як соат аз интернет истифода бурд.
С. УБАЙДУЛЛОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ