Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қатли ваҳшиёнаи донишҷӯдухтар аз ҷониби дугонаҳои ҷонияш

Дар аввал сокинони маҳаллӣ фикр мекарданд, ягон ҷинояткори бераҳм “маняк” Вероникаи донишҷӯро ба таври ваҳшиёна кушта бошад, аммо тадқиқот дигар чизро нишон дод…

Қатли бераҳмонаи Вероника Климоваи 17 сола аз шаҳри Архангелски Русия як моҳ аст, ки сокинонро ба таҳлука овардааст. Ҷасади ин духтараки зеборо дар наздикии роҳи оҳан, дар майдони сохтмони нотамом дарёфт карданд.

Дар аввал сокинони маҳаллӣ ва кормандони амният гумон доштанд, ки кори дасти кадом маняк аст. Чеҳраи Вероника чунон бо шишапораҳо бурида шуда буд, ки тамоман ӯро шинохта намешуд. Маълум буд, ки пеш аз марг ӯро хеле азоб дода баъд ба қатл расонидаанд.

Қотилони Вероника

Пас аз як моҳи кофтуков кормандони мақомот муайян намуданд, ки Вероникаро дугонаҳои айёми мактабиаш, ки бо онҳо дар як синф мехонд ба таври даҳшатбор ба қатл расонидаанд.

Вероника бо Лина ва Ира дӯстони наздик буданд, ва доимо ҳар сеяшон якҷоя мегаштанд.

Ба гуфти ҳамсинфонашон Лина ва Ира ҳамеша бо хислатҳои бадашон аз Вероника фарқ мекарданд. Чунки Вероника хеле оромтабиат буд. Аз ин сабаб ӯро ҳама дар синф эҳтиром мекарданд.

Ҳамсинфони Вероника

Боздошти дӯстони наздики Вероника барои ҳама дӯстон ва ҳамсинфони онҳо бовар нокардани буд.

Яке аз ҳамисонфонашон мегуяд, ки Вераника хеле оромтабиат буд  ва ҳеҷ гоҳ ба дугонаҳояш дағалӣ намекард. Ҳатто агар ӯро таҳқир ҳам мекарданд, ҷавобе надода ором меистод. Вероника дар баробари ботамкин буданаш инчунин дар мактаб бо баҳои хуб мехонд. Дар ҳақиқат ҳам духтари хеле зебо буд. Вале мо фикр ҳам намекардем, ки ин зебогӣ сабаби маргаш шавад.

Инчунин ба гуфтаи дӯстони Вероника ӯ бо бачаҳои зебои мактаб дӯсти пайдо карда буд. Шояд дугонаҳояш аз рашку ҳасуд ин корро карда бошанд.

Айни замон нисбат ба дугонаҳои бадхоҳаш аз рӯи моддаи “Одамкушӣ” парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст. Эҳтимол  онҳоро 15 соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст ва онҳо ҳоло дар ҳабси пешаки қарор доранд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.