Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қонуни нави Толибон: занон телефон нагиранд, вагарна муҷозот мешаванд!

Шабакаи телеграми Sputnik Афғонистон хабар дод, ки дар вилояти Каписо матни қоидаҳои муайянкардаи «Толибон» нашр шудааст, ки аз 16 банд иборат буда, бисёри маҳдудиятҳо марбути занонанд.

Тибқи иттилои мавҷуда, аз ин ба баъд барои занон ороиши мӯйи сар бо шеваҳои «амрикоӣ» ва «фаронсавӣ» мамнӯъ буда, рафтан ба меҳмонӣ, вуруд ба нақлиёт ва намоз будуни ҳиҷоб манъ аст. Дар сурати нақзи ин қоидаҳо, намояндагони зан, аз ҷумла падар, модар ва бародараш муҷозот хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, доштани телефон бо дастгоҳи наворбардорӣ барои бонувон манъ шуда, сабти фаҳш дар телефон барои ҳеч кас иҷозат нест.

Вобаста ба ин имомони масҷид муваззаф гардидаанд, ки моҳияти фармудаҳои Қуръону суннатро дар мавриди ҳиҷобу ҷиҳод ба мардум расонанд ва афродеро, ки намоз намехонанд, бояд рӯйхат кунанд.

Инчунин, риштарошии мардон, додани туҳфа дар ҷашнҳо, аз қабили тӯй, Соли нав ва Иди Қурбон низ мамнуъ гардидааст. Барои домод харидани тилло барои арӯс иҷозат буда, таъкид шудааст, ки андозаи маҳрро сокинони маҳаллӣ ва руҳониён муайян мекунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.