Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҷони 300 моҳигир дар хатар

Дар халиҷи Мордвинова воқеъ дар ҷануби Сахалин, дар натиҷаи ҷудо шудани яхи бузург аз соҳил наздики 300 моҳигир аз соҳил дур шуда, дар хатар қарор доранд. Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳоло қарор аст, ки барои наҷоти ҷони моҳигирон аз хатар ба минтақа чархболи Ми-8 равона карда шавад. 

Ахиран бунгоҳи хабарии astv.ru истинодан ба хабарнигори худ иттилоъ дод, ки ҳеҷ нафаре аз дармондагон наметавонанд мустақиман ба соҳил баргарданд. Барои ҳаракати онҳо яхпораҳои аз ҳам ҷудо хӯрда монеъагӣ эҷод мекунад.

Тибқи иттилои расонаҳо моҳигирон ҳоло аз ях ба яхи дигар гузашта, кӯшиши ба соҳил расиданро доранд, аммо ин кор метавонад ҳар замон онҳоро мувоҷеҳи хатар гардонад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.