Ҳалокати ду мусофир аз каронавирус дар киштии амрикои

Ду мусофири киштии “Diamond Princess” Амрико, ки қаблан дар он коронавирус кашф шуда буд, ҷон доданд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе “Тасс” дар такя ба телевизиони давлатии Ҷопон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ синни ҳалокшудагон аз 80 боло будааст. Дар бораи кай ба вирус гирифтор шудани ин ду ашхос ва ба шаҳрвандии кадом кишвар тааллуқ доштанашон то ҳол маълумот дода нашудааст.

Бояд гуфт, ки киштии мусофирбари амрикоии “Diamond Princes” тули ду ҳафта мешавад, ки дар соҳили Йокогамаи Ҷопон ҳамчун карантин истифода шуда дар дохилаш 621 нафар бо гумони гирифтори ба вируси “Шохдор” назорат карда мешаванд. Ҳалокати мард ва зани 80 сола аввалин қурбонии вирус дар киштии мазкур ба ҳисиб меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *