Ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои ИМА дар Ироқ

 Эрон ду пойгоҳи низомии Амрикоро дар Ироқ мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор додааст.

Теҳрон расман эълон кардааст, ки ин ҳамла навъи қасос барои қатли генерал Сулаймонӣ ҳисоб меёбад.

Пентагон гуфтааст, ки ба пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Ал-Асад ва Эрбили Ироқ даҳҳо адад мушакҳои балластикӣ шиллик шудааст.

Нашрияҳои Эрон навиштаанд, ки ба пойгоҳҳои низомии Амрико беш аз 30 мушак партоб шудааст.

Эрон аз Амрико даъват кардааст, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз талафоти сарбозони амрикоӣ неруҳои 5-ҳазорнафараи худро аз хоки Ироқ берун барад.

Дар пайи ин ҳамла Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар Кохи Сафед ҷаласаи истирорӣ даъват кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *